боди афғонӣ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Обу ҳавои тағйирёбанда, боди афғонӣ ва сар задани раъду барқ дар Тоҷикистон

94
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 26-31 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1+6 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шабона +16+21 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр буда, шабона +22+27 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +16 +21 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ мешавад, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

94
Барчаспҳо:
раъду барқ, тағйирёбанда, афғонӣ, бод, Тоҷикистон