Празднование Ураза-Байрам в Душанбе

Кумитаи дин гуфт дар иди Қурбон "исрофкорон" ва "қиматфурӯшон"-ро ҷарима мекунад

734
(Таҷдидшуда 15:38 13.08.2018)
Кумитаи дин барои муайян кардани исрофкорӣ дар байни аҳолӣ ва боло бурдани нарх дар бозорҳо рейд ташкил намуда, қазияи онҳоро ба додгоҳ ирсол мекунад

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Кумитаи умури дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор додааст, ки имсол дар иди Қурбон барои роҳ додан ба исрофкорӣ сокинон ҷарима мешаванд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА гузориш додааст.

Ҳаҷми ҷарима барои ашхоси воқеӣ 5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Намояндагони кумита ба сокинони кишвар тавсия додаанд, ки дастархони одӣ густурда  онро бо меваҷоти ватанӣ ва кулчақандҳои кадбонуҳои тоҷик оро диҳанд.

Афзун бар ин, имсол дар дар кишвар барои пешгирӣ аз боло рафтани нархи маҳсулот рейд ташкил хоҳад шуд.

Дар ҳолати худсарона ва беасос боло бурдани нарх аз ҷониби фурӯшандагон ё исрофкорӣ аз ҷониби сокинон дар иди Қурбон  далелҳо ба қайд гирифта шуда, ба додгоҳ шикоят фиристода мешавад.

Дар натиҷа, додгоҳ ҳаҷми ҷаримаро муайян хоҳад кард.

734
Барчаспҳо:
дастархон, Иди қурбон, Тоҷикистон