Русия барои кӯмак ба кӯҳнавардон чархбол ирсол кард

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузариш ба медиабонкУчения МЧС, архивное фото
Учения МЧС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чархболҳои низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия аз фурудгоҳи Ҳисор ба Ҷиргатол парвоз кардааст. Чархболҳо дар тахлияи кӯҳнавардон кӯмак хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ду чархболи Ми-8-и  Русия барои кӯмак ба кӯҳнавардони ҷабрдида ба кӯҳҳои Тоҷикистон парвоз кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино бар иттилои манбаъ, чархболҳои низомии 201-уми Русия аз фурудгоҳи Ҳисор ба минтақаи аҳолинишини Ҷиргатол парвоз кардаанд.

"Чархболҳои низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия аз фурудгоҳи Ҳисор ба Ҷиргатол парвоз кардааст. Чархболҳо дар тахлияи кӯҳнавардон кӯмак хоҳанд кард", —гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем пештар хабар дода шуд, ки садамаи чархбол 12 август соати 16:30, ҳангоми интиқоли 13 куҳнавард  дар поёноби пиряхи Фортамбек рух додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, чархбол ҳомили 3 халабону 13 куҳнавард будааст, нишасти изтирории сахт анҷом додааст.

КҲФ ахиран хабар дод, ки иртибот бо кӯҳнавардон барқарор шуда, барои наҷоти онҳо се чархбол ирсол карда шудааст.

Садама дар ҳоле рух дод, ки куҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ шӯравӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0