iPhone 6

ВУД: имкони муроҷиат тавасути Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams ва WeChat пайдо шуд

400
(Таҷдидшуда 20:10 14.08.2018)
ВУД Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва аз байн бурдани коғазбозӣ, қабули «муроҷиати электронӣ»-ро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба хотири саривақт ва дақиқ баррасӣ намудани муроҷиатҳову хабарҳо қабули «муроҷиати электронӣ»-ро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба роҳ мондааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

"Шаҳрвандон вобаста ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳояшон ва дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан терроризму экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ (info@ubop.tj) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат намоянд" — эълон намудааст ВУД Тоҷикистон.

Инчунин ВУД таъкид намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд бо рақами (+992) 93-444-00-66 тавассути Вайбер (Viber), Вотсапп (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat) низ муроҷиат намоянд.

ВУД афзудааст, ки кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала, таъмин хоҳад шуд.

400
Барчаспҳо:
ВУД, ВКД-и Тоҷикистон, муроҷиат, дастрасӣ, маълумот, шаҳрвандон, Тоҷикистон, Тоҷикистон