тамринҳои низомӣ дар Лоҳур

Нахустин тамрини муштараки марзбонони Узбакистону Тоҷикистон ва имзои созишномаи ҳамкорӣ

115
Нахустин машқҳои муштараки сарҳадбонони Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Шаҳритус баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар мавзеи пайвасти сарҳадҳои Тоҷикистону Узбакистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритӯс таҳти унвони «Ҷайҳун 2018» нахустин тамринҳои низомии муштараки марзбонони Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуданд, иттилоъ додааст ТоҷикТа дар иқтибос ба сухангӯи қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадаф аз баргузории тамринҳои муштарак таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон бо назардошти вазъ дар ин кишвар, ҳамчунин пешгирии таҳдидҳои беруна барои Тоҷикиситону Узбакистон мебошад.

Улуғхоҷаев таъкид намудааст, ки ба тамрини муштарак воҳидҳо ва захираҳои Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Қушӯнҳои сарҳадии Узбакситон, чанд адад техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, авиатсияи ҳарбӣ-нақлиётӣ, қаиқҳои сарҳадии посбонӣ сафарбар шуданд.

Илова бар ин дар Душанбе вохӯрии фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳамтои узбаки худ Руслан Мирзоев баргузор шуд. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба байни мақмот, беҳбудии фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ, фаъолияти марзбонон барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, табодули маълумот, таҳкими мубориза бо таҳдидҳо муосир ва дигар масоил баррасӣ шуданд.

Пас аз гуфтушуниди судманд миёни Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

115
Барчаспҳо:
муштарак, Узбакистон, Тоҷикистон, Афғонистон, марз, марзбонони тоҷик, низомӣ, тамрин, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол (18)