Борон, акс аз бойгонӣ

Чангу ғубор, раъду барқ ва тундбод: ҳаво дар Тоҷикистон якбора паст мешавад

454
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст гашта, дар бештари ноҳияҳо то 30-34 дараҷа мерасад. Чангу ғубор дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанбе боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 22 август дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ғарби вилоят шабона 10+15, рӯзона 25-30 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  3+8 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +30 + 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +13 +18 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +16+18 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

454
Барчаспҳо:
чангу ғубор, борон, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон