Гоар Аветисян помогает Таджикским детям

Талоши ороишгари машҳури рус барои наҷоти Муҳаммад аз саратон дар иди Қурбон (НАВОР)

665
(Таҷдидшуда 16:31 23.08.2018)
Ороишгар Гоар Аветисян, ки бо ҳунари нотакрори худ дар Русия ва кишварҳои ИДМ машҳур аст, барои табобати кӯдаки бемори тоҷик талош мекунад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ороишгари машҳур аз Маскав Гоар Аветисян  дар иди Қурбон иқдом гирифтааст, ки дар табобати кӯдаки сесолаи тоҷик кӯмак расонад.

Вай дар саҳифаи Инстаграм аз дӯстонаш даъват кардааст, ки дар ғами Муҳаммади хурдакак бетараф набошанд. Писарки сесола аз бемории иллати ҷигар азият мекашад.

 

Дорогие мои, мне бы очень хотелось поздравить всех мусульман мира с праздником Курбан-Байрам 🙏🏻 пожелать всем крепкого здоровья и исполнения всех мечт 🙏🏻 мира вашему дому 🙏🏻❤️ ____ Мои самые добрые и отзывчивые 🙏🏻🙏🏻🙏🏻 самые сплочённые и лучшие в мире 🙏🏻❤️ нам очень нужна ваша помощь и поддержка 😔🙏🏻🙏🏻🙏🏻 Маленькому Мухаммаду очень нужна наша с вами помощь 😔 ему всего 3 года, а его глазки уже наполнены болью и такие грустные 😔😔😔❤️ Ему должны пересадить печень и донором скорее всего станет папа…. *Диагноз*: Гепатобластома ______ 800.000 — долг за химиотерапию 3.000.000 — трансплантация печени *Нам осталось собрать: 3.257.000 руб.* Сейчас собрано: 543.000 руб. Сумма кажется заоблачной, но если вот взять 5 000 000 моих подписчиков…. 2 миллиона — это люди с разных стран и 3 миллиона это Россия и СНГ… если каждый скинет хоть по рублю, то мк уже соберём всю сумму….. С миру по нитке….. не оставляйте благие дела, которые можете сделать сегодня- на завтра…. любая помощь — это огромное вложение в будущую жизнь маленького Мухаммада ❤️🙏🏻🙏🏻🙏🏻 _____ Реквизиты: ⠀ Сбербанк: 4279 3800 2832 0549 (Получатель Мариам В.) Отчёты во временной истории @mm__mariam и в папках «Мушка» ⠀ для международных переводов PayPal — mm.meri555@gmail.com Все документы и отчеты здесь @mm__mariam 🙏🏻❤️❤️❤️ ____ Ставьте ➕ в комментариях если смог помочь🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻

Публикация от Goar Avetisyan (@goar_avetisyan) 21 Авг 2018 в 10:14 PDT

 

Ҷигари Муҳаммад ба варами зарарнок (саратони ҷигар) гирифтор шудааст. Барои наҷоти вай амалиёти пайвандсозӣ лозим аст. Аммо волидони кӯдак имкони пардохти маблағи ҷарроҳиро надоранд.

"Мо бояд 3 миллиону 257 ҳазор рубли дигар ҷамъ варем. Шояд ҷамъ кардани ин миқдор маблағ ғайриимкон намояд, аммо агар аз 5 миллион аъзои саҳифаам ҳар яке  1 рублӣ диҳанд,  тамоми маблағи лозима ҷамъ мешавад. Қатраҳо гар ҷамъ шаванд, дарё шавад. Корҳои некеро, ки имрӯз метавонед анҷом диҳед, ба фардо нагузоред", — навиштааст Гоар.

Пас аз чанде Гоар хабар дод, ки ҷаҳон аз одамони накӯ холӣ нест.

 

Любимые мои ❤️❤️❤️❤️ спасибо вам огромное за вашу доброту и сплочённость… свыше 5000 людей не прошли мимо и сделали перевод в поддержку жизни маленького Мухаммада ❤️❤️❤️❤️ я вам так благодарна 🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻 мы вместе собрали более миллиона рублей, но нам нужно продолжить 🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻 ____ Мы сегодня были в детской клинической больнице РДКБ, где навестили маленького Мухаммада (он сейчас проходит курс химиотерапии)…. у меня слезы на глазах от увиденного… столько детей и родителей там😔😔😔😔 через какие испытания они проходят… им обязательно нужна наша поддержка 🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻 ________ Спасибо всем за любую помощь: даже если вы не можете помочь финансово, но ставьте лайки под этим и предыдущим постом, чтобы большеее количество людей увидело сбор ❤️🙏🏻 или делайте репосты ❤️ всем спасибо большое ❤️🙏🏻🙏🏻🙏🏻🙏🏻 ______ Реквизиты: ⠀ Сбербанк: 4279 3800 2832 0549 (Получатель Мариам В.) Отчёты во временной истории @mm__mariam и в папках «Мушка» ⠀ для международных переводов PayPal — mm.meri555@gmail.com Все документы и отчеты здесь @mm__mariam 🙏🏻❤️❤️❤️

Публикация от Goar Avetisyan (@goar_avetisyan) 22 Авг 2018 в 11:18 PDT

 

"Дӯстонам, барои накӯкорӣ ва меҳрубониатон изҳори миннатдорӣ баён мекунам. Бештар аз 5 ҳазор нафар барои кӯмак ба Муҳаммад кӯмаки молӣ расониданд", — навиштааст вай.

Ба гуфтаи ороишгар, ҳоло бештар аз 1 миллион рубл ҷамъ оварда шудааст, аммо барои ҷарроҳӣ кам аст.

Гоар аз аъзоёни саҳифааш хоҳиш кардааст, ки  ҳатто имкони кӯмак моддӣ надошта бошанд ҳам, ин эъломи вайро паҳн кунанд.

Ёдрас мешавем, Гоар ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар карда буд. Вай ар кишвар барои духтарони тоҷик дарси маҳорати ҳунарӣ гузашт.

 

 

Ӯ дар Тоҷикистон ҳам барои иқдомҳои некаш вақт ҷудо кард.

Чунончӣ ӯ духатри 17-солаеро, ки дар хурдӣ бо хатогии пизишкон ба рӯяш захми чуқуре пайдо шуда буд, ба зебосанам табдил дода, ӯро хурсанд кард.

Аксеро, ки Гоар дар Инстаграм гузошт вокунишҳои зиёди аъзоёнашро дар пай дошт.

665
Барчаспҳо:
талош, саратон, кӯмак, кӯдак, Тоҷикистон
Гололедица , архивное фото

Ҳушдори КҲФ ба ронандаҳо: то 27 ноябр яхбандӣ ва тармафароӣ мешавад

5
(Таҷдидшуда 19:16 24.11.2020)
Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз яхбандӣ дар роҳҳои мошингард ва ҳамзамон тармафароӣ ҳушдор медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди "Душанбе — Чанок", "Душанбе — Ваҳдат — Лахш", "Душанбе — Рашт", "Душанбе — Сангвор", "Душанбе — Кӯлоб", "Шоҳин — Дарвоз", "Ванҷ- Хоруғ", "Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб" эҳтимоли яхбандӣ, тӯдашавии барф дар баъзе ҷойҳо, инчунин дараҷаи баланди хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.

КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз мусофират, сафарҳо ба мавзеъҳои аз лиҳози фаромадани тарма хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

"Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд, дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошанд", - шарҳ доданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

5
Барчаспҳо:
тармафароӣ, ҳушдор аз яхбандӣ, яхбандӣ, ҳушдор

Вазорат аз 39 ҳолати нави сироятёби ба COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод

11
(Таҷдидшуда 19:02 24.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 24 ноябр 11 ҳазору 971 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 43 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 355 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8% - и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID - тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

11
Барчаспҳо:
фавт, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон