Шаҳноза Қиронова дар ҳолати сархушӣ сари рул нишаст, вале дастгир шуд

© ВУД ҶТЗани ронанда дар ҳолати мастӣ дастгир шуд
Зани ронанда дар ҳолати мастӣ дастгир шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баробари Шаҳноза 12 марди дигар пас аз истеъмоли шароб ба идораи нақлиёт пардохтаанд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Шаҳноза Қиронова — зани ҷавоне дар шаҳри Душанбе ҳангоми идораи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ дастгир шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Раёсати ВУД дар Душанбе.

Зан ҳангоми идораи "Мерседес-Бенс", рақами қайди давлатиаш 5511ЕЕ01 ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, баробари Шаҳноза 12 ҷавони дигар дар чунин ҳолат ба сари рул нишастаанд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, дар як ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3120 қонуншиканӣ дар роҳ ба қайд гирфита шуд.

Ҳамчунин муайян гардид, ки 5 ронанда бе ҳуҷҷат, 14 — бе рақами давлатӣ, 101 — бе муоинаи техникӣ ва ғайраҳо дастгир шудаанд.

Пиёдагардон низ дар сафи қонуншиканӣ дар роҳ фаъол будаанд. 355 пиёдагард дар як ҳафта дар Душанбе қоидаи роҳро вайрон кардааст.

ВУД рӯйхати пурраи ронандаҳои мастро бо аксҳояшон мунташир кардааст.

Лентаи хабарҳо
0