Шӯҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ

Ҷазо поён ёфт: Шуҳрат Қудратов озод шуд

207
(Таҷдидшуда 11:17 24.08.2018)
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ба 3 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуда буд, ба озодӣ баромад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои наздикон, муҳлати ҷазои Шуҳрат Қудратов ба анҷом расид ва феълан ӯ аз зиндон раҳо гардид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи марти соли 2015 ҳукми зиндони Шӯҳрат Қудратовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин оварда буд. Ҳукми ӯ норозигии созмонҳои ҳомии ҳуқуқро дар пай дошт ва пайваста аз давлати Тоҷикистон даъват мекарданд, ки ӯро раҳо кунад.

Шӯҳрат Қудратов  21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуда буд.

Шӯҳрат Қудратов
Страница Ш. Кудратова в Facebook

Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида — раиси ширкати "Пайванд" Парвиз Бадалов — медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.

Аммо Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва муҳокимаи ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Қудратов ҳамчунин аз раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров аст.

Номзадии Қудрат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз сӯи ҲСДТ пешниҳод шуда буд, вале КМИРТ ба далели баҳси додгоҳӣ номзадии ӯро қабул накард.

207
Барчаспҳо:
ҷазо, Қудратов, озодӣ, раҳоӣ, Тоҷикистон