Фирор, акс аз бойгонӣ

Тарс аз падар: сабаби бедарак шудани кӯдакон - Умару Абубакр муайян шуд

373
(Таҷдидшуда 12:21 24.08.2018)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тарс аз ҷазои волидон боис мешавад, ки баъзан ноболиғон дар кишвар аз хона фирор мекунанду бедарак мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, бародарон Умар ва Абубакр Аҳмадовҳо, сокинони ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт тайи ду шабонарӯз бедарак будаанд.

Манбаъ мегӯяд,  баъде ки Умару Абубакри 7 ва 12-сола пайдо карда шуданд, муайян гардид, ки онҳо аз тарси падар аз хона фирор кардаанд.

Онҳо изҳор доштаанд, ки оинаи тирезаро шикастаанд ва аз тарси ҷазои падар хонаро тарк кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолати дигарро зикр кардааст, ки Муҳаммадҷон, сокини  8-солаи шаҳри Гулистон, баъди сарзаниши модар аз хона фирор кардааст. Маъмурини милиса изҳор доштаанд, ки Муҳаммадҷонро як рӯз баъд дар боғи истироҳатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо карданд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз волидон даъват намудааст, ки нисбати фарзандон на аз зӯрӣ, балки аз шеваҳои дигари тарбия кор баранд.

373
Барчаспҳо:
бедарак, Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарс, ноболиғ, Тоҷикистон