Мулоқоти Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот намуд

194
(Таҷдидшуда 13:09 24.08.2018)
Раисҷумҳурон масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ ва асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазинаро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов раисҷумҳури ин кишвар дидор ва мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ ва асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазинаро баррасӣ намуданд.

Инчунин роҳбарони ду кишвар, зимни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо, ба хотири ҳалли мушкилоти минтақаро зарур шумурданд.

"Тарафҳо аз раванди муколамаи доимии сатҳи олӣ ва вазъи муносибатҳои ду кишвар, ки ба таври назаррас рушд меёбад, изҳори қаноатмандӣ карданд",- таъкид кард манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, бахши кишоварзию саноат, тиҷоратию иқтисодӣ, алоқаи ҳавоӣ, рушди равобити илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карданд.

194
Барчаспҳо:
Туркманистон, раисҷумҳур, мулоқот, ҳамкорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Тоҷикистон