Пули нав, акс аз бойгонӣ

Дар наздикии Хоруғ пуле сохта мешавад, ки Тоҷикистонро бо Чин пайваст мекунад

565
(Таҷдидшуда 13:29 24.08.2018)
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди ин пули нав 6,5 миллион сомонӣ ҷудо кард ва мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки то даҳаи аввали моҳи сентябр онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар километри 42-юми роҳи мошингарди Хоруғ —Роштқалъа- Мурғоб пули нави мошингузар сохта мешавад, хабар медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, пул ба ҷойи пули кӯҳанае сохта хоҳад шуд, ки аз сангу чӯб бунёд ёфта, корношоям шуда буд.

Гуфта мешавад, пули нав мушкилии рафтуомади сокинони се ҷамоатро бо маркази ноҳия ва шаҳри Хоруғ боз ҳам осон мегардонад, афзун бар ин Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад.

"Кӯпрук 36 метрро ташкил дода, иқтидори вазнбародориаш 80 тонна мебошад ва то моҳи сентябр ба истифода дода хоҳад шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ таъкид кардааст, ба воситаи ин кӯпрук дар вақтҳои зарурӣҳаракати мошинҳои боркашро то Чин ба роҳ мондан мумкин аст.

"Дар сурати иваз намудани чанд пули дигар дар оянда ин ба як роҳи алтернативии байналмилалӣ мубаддал мегардад", — тавзеҳ медиҳад хабаргкзорӣ.

Иқлими ноҳияи Роштқалъа нисбатан камбориш буда, дар фасли зимистон фаромадани тармаву сел ва сангчарх кам ба мушоҳида мерасад ва аз ин рӯ дар ҳудуди вилоят яке аз роҳҳои амну бехатар ба ҳисоб меравад. Ба ҷузъ ин масофаи роҳ ба самти Мурғобу гузаргоҳи Кулма нисбат ба роҳи кунунӣ, ки тавассути водии Ғунди ноҳияи Шуғнон мегузарад, бамаротиб кутоҳтар аст.

Дар мувозинати Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Роштқалъа ҳамагӣ 199 км роҳи мошинагард мавҷуд аст, ки танҳо 44,9 километри он аҳамияти маҳаллӣ дорад, боқимонда роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ эътироф шудааст.

565
Барчаспҳо:
пул, роҳ, сохтмон, ВМКБ, Тоҷикистон