Бинои ВУД, акс аз бойгонӣ

Хуҷанд: бибӣ барои дуздӣ ба дасти наберааш заду "ситора"-и телевизион шуд

751
(Таҷдидшуда 16:00 26.08.2018)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни гузориш аз зӯроварӣ нисбати ноболиғон, модаркалонеро намоиш дод, ки барои дуздӣ ба дасти наберааш задааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гузориш дод, ки Ортиқҷон Латипова, сокини шаҳри Хуҷанд, наберааш — Муҳаммадҷони 10-соларо, ки дар тарбияаш қарор дорад, барои дуздӣ ба дасташ задааст.

"Модаркалон барои бе иҷозат аз ҳамёни ӯ гирифтани маблағ, бо тасма ба дасту панҷаи Муҳаммадҷони 10-сола задааст", — омадааст дар гузориши ВУД.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки зӯроварӣ нисбати ноболиғон ҷавобгарӣ дар пай дорад ва алайҳи волидоне, ки фарзандонро азияти равонию ҷисмонӣ медиҳанд, чораандешӣ хоҳад шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки баъзан муносибати нодурусти волидон ва тарси фарзандон аз зӯроварии падару модар боиси фирори ноболиғон аз хона ва бедарак шудани онҳо мегардад.

751
Барчаспҳо:
зӯроварӣ, бибӣ, тарбия, фарзанд, ноболиғ, Тоҷикистон
Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Эмомалӣ Раҳмон ба Бохтар рафт: сафари раисҷумҳур ба вилояти Хатлон идома дорад

141
(Таҷдидшуда 13:40 22.09.2020)
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим ба шаҳри Бохтар рафт

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik.  Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳур сафари кории президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои манбаъ имрӯз пас аз дидор аз ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф овард.

Гуфта шудааст, ки раисҷумҳури кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони маркази вилоят истиқбол гирифтанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок карда бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоту вохӯрии судманд доир менамояд.

141
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, сафари корӣ, Шаҳритус, Бохтар, Раисҷумҳур, Тоҷикистон
Девушка в наручниках, архивное фото

"Арӯси хонавода хусурашро бо ҷӯбдаст латукӯб кард" - ВКД

430
(Таҷдидшуда 13:44 22.09.2020)
Зан аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохила боздошт шуда, нисбаташ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Арӯси хонавода хусурашро бо ҷӯбдаст латукӯб кард, гузориш медиҳад, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, қазия рӯзона 16 сентябр дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Гуфта мешавад, зани боздоштшуда 42-сола аст. Аммо синну соли падари шавҳари ин зан дақиқ нест.

Ҳарчанд ҳодиса ҳафтае пеш рух дода бошад ҳам, ВКД дар бораи дастгир шудани зан имрӯз, 22 сентябр гузориш додааст.

Сабаби ин ҳодиса низ ҷангу ҷанҷоли байни хусур ва арӯси хонавода гуфта мешавад.

“Очаҷон мана об ба напарто”: худкушии зан бо ду фарзандаш баъди суҳбати телефонӣ бо шавҳар

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

430

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

0
(Таҷдидшуда 13:38 22.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон сар аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад
Қоидаи вуруд ба Ӯзбекистон ҳангоми пандемия

Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлиёт аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад.

Маҳдудиятҳо аз 1 октябри соли равон барои сайёҳон сабуктар мешавад.   

Афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “сурх”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

0
Барчаспҳо:
қоидаҳои вориду хориҷ шудан, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, маҳдудият, Ӯзбекистон, Тоҷикистон