Барқкушӣ дар Душанбе: бархе кӯчаҳои пойтахт бе барқ мемонанд

© Pixabay / Bru-nOЛампы, архивное фото
Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда дубора равшан карда мешавад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бо сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 28 август аз соати 09:00 то 16:00 дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ карда мешавад.

Ба иттилои ширкати "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе", барқ дар кӯчаи Лермонтов, Ҳувайдулло Назаров, Карамов, Куприна, Охунбобоев, Лунагорский, Варзоби поён (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), қисме аз кӯчаи Айнӣ (н.Шоҳмансур), қисме аз кӯчаи Южная — Обходная (н. Фирдавсӣ), қисман маҳаллаи Испечак — 1, маҳаллаи Ҳамадонӣ (н.Сино) хомӯш карда мешавад.

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда дубора равшан карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0