Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Хабар то раисҷумҳур рафтааст: нигаронии Раҳмон аз қонуншикании хонандагони мактабҳо

2095
(Таҷдидшуда 11:33 28.08.2018)
Ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон бархе аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои тарбиявӣ машғул намешаванд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби 55 дар шаҳри Душанбе аз қонуншикании хонандагони мактабҳои пойтахт изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур бо интишори суханронии кишвардор хабар медиҳад.

Ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон, ин амалҳо бо далели аз тарбия дур мондани мактабхонон сар мезананд.

"Роҳбарони баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таваҷҷуҳи асосиро ба тадрису таълим равона карда, ба корҳои тарбиявӣ ба таври ҷиддӣ машғул намешаванд, ки солҳои охир боиси афзоиш ёфтани қонуншиканиҳо аз ҷониби хонандагони чанде аз мактабҳои пойтахт гардидааст", —изҳори нигаронӣ кард раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, барои пешгии ин қонуншиканиҳо бояд ба тарбияи наврасон аҳамият дод.

"Баробари таълим ба масъалаи тарбияи дурусти наврасону ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар ин раванд, дар баробари волидайн омӯзгорону устодон бояд сахтгиру серталаб бошанд", — таъкид кард кишвардор.

Ёдрас мешавем, пештар Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон борҳо аз қонуншикании хонандагони мактабҳои Душанбе хабар дода буд. Дар бештари ҳолатҳо талабагон байни ҳамдигшар хархаша намуда, он бо кордкашӣ анҷом ёфтааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ба наздикӣ барномаи алоҳидаи давлатӣ таҳия мешавад. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти суханронӣ дар мактаби 55 иттилоъ дода, афзуд, ки ин барнома барои дастгирии хонандагони болаёқат таҳия хоҳад шуд.

2095
Барчаспҳо:
суханронӣ, нигаронӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон