марзбони тоҷик дар сарҳад бо Афғонистон, акс аз бойгонӣ

Волии Тахор: Тоҷикистон мушак паронд, вале марзи Афғонистонро нашикаст

497
(Таҷдидшуда 14:05 29.08.2018)
Доктор Фозилуллоҳ Муҷаддадӣ, волии вилояти Тахор, мегӯяд, Тоҷикистон қочоқбаронро ҳадафи мушакҳо қарор додааст, аммо тамомияти арзии Афғонистонро нақз накардааст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Маҷаддадӣ дар суҳбат бо расонаҳои Афғонистон гуфтааст, партоби мушакҳо, аз ҷумла бо истифода аз чархбол аз ҷониби Тоҷикистон дар навоҳии марзӣ 27 август ду бор сурат гирифтааст.

Ӯ шарҳ додааст, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон ҷангалзоре аст, ки минтақаи сифрӣ мебошад ва маконе, ки қочоқбарон дар он ҷо ҳадафи мушакҳо қарор гирифтаанд, мутааллиқ ба қаламрави Тоҷикистон мебошад. 

Волии Тахор таъкид намудааст, ки ҷангалзор дар минтақаи Дарқад нуқтаи сифрӣ буда, тамомияти арзии Афғонистон нақз нашудааст.  Муҷаддадӣ афзудааст, ки қочоқбарон таҳти ҳимояти мухолифини мусаллаҳ, аз ҷумла Толибон, дар ҷангалҳои наздисоҳилии Ому, дар сарҳад бо Тоҷикистон лона кардаанд ва ҳукумати Афғонистон  алайҳи онҳо мубориза мебарад.

Дар мавриди иддао, ки гӯиё Толибон аз ҷониби Русия пуштибонӣ меёбанд, волии Тахор изҳор доштаст, ҳеч далели дурустии ин иттилоъро рӯи даст надорад.

Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ мушакборон шудани қаламрави Афғонистонро рад карда, изҳор доштанд, ки дар амалиёт алайҳи қочоқбарон чархбол ё ҳавопаймо истифода нашудааст.

Ба иттилои мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуруҳи мусаллаҳи 10-12 нафарӣ баъди зуҳри 26 август вориди хоки Тоҷикистон шуда, аз силоҳи автомат ва "гранатамёт" сӯи "Нива"-и ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушодаанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи мақомоти марзбонии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар пайи ҳамла кормандони хоҷагии ҷангал, Ҳамрохон Саидов, соли таваллудаш 1956 ва Давлат Сангинов, соли таваллудаш 1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус ба ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи манбаъ мусофири дигар, Сафархон Раҳмонов, соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори ноҳияи Фархор ба тарафи қамишзор фирор карда, ҷон ба саломат бурдааст.

"Дар минтақаи сарҳадии "Ҳамадонӣ" ҳолати изтирорӣ эълон шуда, феълан амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи номаълуми афғон идома дорад", — эълон кардааст қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

497
Барчаспҳо:
волии Тахор, раддия, мушакборон, марз, Тоҷикистон-Афғонистон