ТАЛКО, акс аз бойгонӣ

“ТАЛКО” ва ширкати “Krantas”-и Узбакистон ба истеҳсоли худравҳои боркаш шурӯъ мекунанд

153
(Таҷдидшуда 19:35 29.08.2018)
Корҳои насби таҷҳизоти коргоҳ дар корхонаи мушштараки Тоҷикистону Узбакистон тақрибан анҷом ёфта

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Корхонаи ТАЛКО ва ширкати "Krantas"-и Узбекистон дар якҷояги барои истеҳсоли худравҳои боркаш шурӯъ хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар тирамоҳи соли ҷоррӣ ба фаъолият худ шурӯъ хоҳад кард.

То ҳол миқдори дақиқи навъи мошинҳои насбмешуда дар ин корхона маълум нест.

Вале дар сомонаи расмии ширкати "Krantas"-и Узбекистон гуфта мешавад, ки дар корхонаи истеҳсолии ин ширкат беш аз 30 навъи мошинҳои боракаш ва таҷҳизоти дигари нақлиётиву сохтмонӣ тавлид мешаванд. Ин мошинҳо маъмулан сохти ширкатҳои "Isuzi", "Man" ва "Камаз" мебошанд.

Ширкати "Талко" дар сохтори худ корхонаҳои истихроҷи маъдан ва ангиштсангро дорад ва ҳоло тарҳи сохтмони корхонаи тавлиди гилхокро рӯи даст гирифтааст. Мошинҳои боркаш ва мошинолотҳо барои бароварда сохтани ниёзи худи "Талко" зарур будааст. Ҳамзамон дар ин корхона бо дархости мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳии Тоҷикистон, мошинҳои обу партовкашон насб мегарданд.

Бо дарназардошти арзонии нерӯи барқ ва нерӯи корӣ дар Тоҷикистон, мошинҳои тавлидшуда дар ин ширкат дар бозор рақобатпазир хоҳанд буд.

Ёдрас мешавем, ки Ширкати ТАЛКО ҳаҷми истеҳсоли алюминий — маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистонро дар шаш моҳи аввал ба миқдори се ҳазор тонна коҳиш додааст.

Бино ба иттилои вазорати саноати Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар корхона 54,8 ҳазор тонна алюминий тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна кам мебошад.

Тибқи маълумоти қаблӣ, ширкати ТАЛКО дар соли ҷорӣ нақша дошт 168 ҳазор тонна алюминий тавлид намояд.

Тибқи дурнамо ширкати ТАЛКО, то соли 2020 истеҳсоли алюминийро ба 349 ҳазор тонна хоҳад расонд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то соли 2030 истеҳсоли алюминий дар ин корхона, то 380 ҳазор тонна мерасад. 

153
Барчаспҳо:
Узбакистон, Тоҷикистон, худрав, мошинбарорӣ, корхона, алюминий, ТАЛКО, Тоҷикистон
Экономический рост, архивное фото

Иқтисоддонҳо мегӯянд ММД Тоҷикистон дар соли оянд 7% рушд мекунад, агар...

4
Вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон вазъеро номбар кард, ки афзоиши ММД-и кишварро дар соли 2021 беш аз 7% таъмин карда метавонад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021 ҳадди аққал 7% пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Авеста бо такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Ин ниҳод  иҷрои пешбинии хушбинонаро  танҳо бо иҷрои як шарт имконпазир медонад.

Ба гуфтаи вазорат, афзоиши ММД дар Тоҷикистон аз 7% хоҳад гузашт, танҳо агар мавҷи дуввуми коронавирус вуҷуд надошта бошад.

"Баъзе ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ пешгӯии хушбинона пешкаш мекунанд. Дар сурати мӯътадил шудани вазъ, афзоиши ММД-и ҷумҳурӣ то нишондиҳандаҳои оғози пандемия, яъне зиёда аз 7% таъмин карда мешавад", - гуфтааст вазорат.

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

Ҳамзамон, коршиносон бар он назаранд, ки ба ғайр аз вазъи пандемия, бояд ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, воридшавии сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва кори корхонаҳо низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Қаблан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завки Завкизода гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 афзоиши ММД 3,5% буд.

Вазорати молия: нақшаи буҷет иҷро нашуд

Ҳамзамон, тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2020 ММД-и Тоҷикистон то 2% коҳиш хоҳад ёфт ва дар соли 2021 афзоиши он ба 3,7% дар назар аст.

4
Доллары США, архивное фото

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

23
(Таҷдидшуда 14:31 06.08.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2021 аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 тасдиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 бо назардошти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар заминаи пандемияи коронавирус таҳия хоҳад шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Вазорат қайд кард, ки намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар асоси натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 муайян карда мешавад.

Ғайр аз ин, соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои дурнамо барои солҳои 2022-2023 таҳия карда мешаванд.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои пешгӯии Вазорати молия, моддаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 бояд 29,7% ва 29% ММД-ро ташкил диҳанд.

Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст

Ҳамзамон, дар робита ба пандемия аз коронавирус, буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ихтисор карда шуд.

23