Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати ҷавонон ба артиш ба имзо расид

342
Раисҷумҳури Тоҷикистон низомиёнеро, ки муддати хидматашон ба поён расидааст, рухсат дода, дигар шаҳрвандонро ба хидмати низомӣ даъват кард

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.Бино бар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, низомиёне, ки муҳлати муқарраршудаи хидмати низомиро то моҳи октябр ё ноябри имсол ба поён мерасонанд, рухсат шуда, ба ҷойи онҳо ҷавононеро, ки синни 18 расидаанд барои анҷоми хидмати вазифа даъват карда мешаванд.

Дар ин фармон таъкид шудааст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои низомӣ "даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ" дар Неруҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, неруҳои вижаи Вазорати умури дохила, неруҳои дифоъи ғайринизомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳанги нигаҳбонии Идораи кулли иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати додгустарӣ ва гурдони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсусро ба роҳ монанд.

"Моҳҳои октябр — ноябри соли 2018 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд", — омадааст дар фармони раисҷумҳур.

342
Барчаспҳо:
даъват, артиш, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Команда Истиклол

Марҳилаи аввали лигаи олӣ бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

13
Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии клуби "Истиқлол"-и Душанбе анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи аввал рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 11 июл "Регар-ТадАЗ" дар майдони худ бо тими "Хатлон" бозиро мусовӣ 1:1анҷом дод.

Нимҳимоятгари "Хатлон" Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 83-юм ҳисобро кушод, вале бохтариҳо натавонистанд бо пирӯзӣ бозиро анҷом диҳанд. Қабл аз садои ҳуштаки довар футболбозони Турсунзода тавассути голи Нозим Бобоҷонов тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.

Дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин аввалин бозии дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳнамоии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев буд.

Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

Ба голи задаи бозингари "Файзканд”"Наврӯз Рӯстамов, футболбозони "Куктош" бо се голи Бунёд Шодиев, Аббос Икромов ва Муҳсин Абдуғаффоров ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар КМВА дар сафар тими "Истаравшан"-ро мағлуб намуд – 2:1. Ҳар ду голи тими артишро Шервонӣ Мабатшоев зад. Дар ҳайати дастаи Истаравшан Илҳом Баротов голро ба номаш сабт кард.
Ду бозии дигари даври нуҳум рӯзи 12 июл доир гардид. "Хуҷанд" бар дастаи "Душанбе-83" ва "Истиқлол" бар тими "Локомотив-Помир" бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.

Бидуни бохт: “Истиқлол” “Хуҷанд”-ро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шикаст дод

Голи дастаи Хуҷандро Фирдавс Чақалов ва голи тими Душанберо Рустам Соиров ба номашон сабт карданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаҳо ба танаффуси дуҳафтаина рафтанд ва имкон доранд бозингарони навро ҷалб намоянд.

Дар ҷадвали чемпионат "Истиқлол" бо 25 хол пешсафи ягона аст. Дар ҷои дуюм "Хуҷанд" бо 19 хол, дар ҷои сеюм "Хатлон" бо 18 хол мавқеъ гирифтаанд.

13
Барчаспҳо:
пирӯз, "Истиқлол", футбол
Арест, архивное фото

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

126
(Таҷдидшуда 18:35 13.07.2020)
Раёсати умури дохилии дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорӣ хабар медиҳанд, ки зани 62 - соларо бо мошинаш пахш намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Бар хабари РВУД дар шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи номаълум, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 21:20 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" зани 62 - соларо пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Водитель совершивший наезд на пешехода
Водитель совершивший наезд на пешехода

Манбаъ меафзояд, ронанда пас аз пахш намудани пиёдагард ӯро фавран ба бемористон интиқол медиҳад ва худат ба самти номаълум ғайб мезанад.

"Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.

Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

126
Барчаспҳо:
акс, ронанда, боздошт
Сотрудник охраны рынка Мехргон проверяет температуру у посетителя

Вазорат: 80%-и гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон шифо ёфтанд

6
(Таҷдидшуда 19:59 13.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 аз 30 апрел то 13 июл дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 595 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5 ҳазору 278 нафар ё худ 80%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 184 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 50 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

6