Раҳмон: фаъолияти устоҳо - табибони хатнакунанда пурра қатъ карда шавад

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ин иқдом бо мақсади аз сирояти ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доштани кӯдакон ва ҳифзи саломативу вазъи рӯҳии онҳо рӯи кор гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустӣ ва маориф дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, имрӯз, 1 сентябр супориш дод, ки минбаъд дар Тоҷикистон фаъолияти устоҳо — табибони хатнакунанда қатъ карда шавад.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, ин иқдом ба хотирӣ пешгирӣ аз паҳн шудани бемориҳои сироятӣ амалӣ карда мешавад.

"Бо мақсади аз сирояти ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доштани кӯдакон ва ҳифзи саломативу вазъи рӯҳии онҳо супориш дода мешавад, ки дар кишвар фаъолияти устоҳо ё табибони хатнакунанда пурра қатъ карда, амалиёти хатна танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва тавассути ҷарроҳони касбӣ анҷом дода шавад", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомали Раҳмон дар намоишгоҳи кишоварзӣ дар ноҳияи  Нуробод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Намоишгоҳи кишоварзӣ ва хатнасур: сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикобод

Тавре президент афзуд, ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ ҳуҷраҳои махсус барои хатна ва ҳуҷраҳои модару кӯдак таъсис дода шуда,  ба таври ройгон фаъолият карда истодаанд.

"Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ соли 2017 ҳамагӣ 18 ҳазор нафар кӯдакон хатна шуда, дар 6 моҳи соли 2018 зиёда аз 33 ҳазор нафар кӯдакон ба таври ройгон хатна карда шудаанд, ки аз ин шумора қариб 3000 нафар кӯдакони синни то 20-рӯза мебошанд", — `ёдрас шуд вай.

Ҳол он ки дар як сол ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 106 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Аз ин шумора 55 ҳазор нафар писар буда, дар як сол ҳамагӣ 60 фоизи онҳо хатна карда мешаванд.

Пештар хаар дода шуд, ки хатнаи кӯдаки тоҷик дар шароити хона дар Маскави нав бо беҳушии кӯдак анҷомид.

Ҳодиса 20-уми август рух додааст, ки дар натиҷа кӯдак ба "кома", ё худ ҳолати  беҳушӣ афтидааст.

Ҷарроҳии хатнаи кӯдак, соли таваллудаш 2016, дар шароити хона дар маҳаллаи Десеновскои "Маскави нав" гузаронда шудааст, ки дар натиҷа кӯдакро ларза ва шоки анафилактикӣ фаро гирифтааст. Ӯ дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи шаҳрӣ оварда шудааст.

Волидони кӯдак гуфтаанд, устои хатнакунандаро ба онҳо шиносҳояшон тавсия додаанд.

Феълан муфаттишон ҳодисаро таҳқиқ доранд. Аз ҷумла доштани маълумоти тиббии нафари хатнакунандаро мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0