Мошинҳои боркаш дар марз, акс аз бойгонӣ

Туркманистон намегузорад мошинҳои боркаш ба сӯи Тоҷикистон раванд

404
(Таҷдидшуда 13:52 03.09.2018)
Як ҳафта мешавад, ки Туркманистон марзашро барои мошинҳои боркаше, ки аз Эрон ба Тоҷикистон мераванд бастааст

ДУШАНБЕ, 3 сент — Sputnik. Як ҳафта мешавад, ки мошинҳои боркаше, ки аз Эрон ба сӯи Тоҷикистон мераванд, наметавонанд марзи Туркманистонро убур кунанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Тоҷик ТА.

Бино ба иттилои манбаъ, Ишқобод иҷозат надодааст, ки мошинҳои боркаше, ки ба Тоҷикистон мераванд, воруди ин кишвар шаванд.

Ронандаҳои мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи марзии Лутфобод-Артик мегӯянд, ки марзбонони Туркманистон аз шарҳ додани масъала худдорӣ мекунанд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои хабарӣ.

Дар ҳоли ҳозир дар назди гузургоҳи марзӣ беш аз 100 мошини боркаш ҷамъ омадааст. Ронандаҳо дар интизори иҷозати мақомоти Туркманистон мебошанд.

"Дар гузаргоҳи марзии Сарахс автобусҳои мусофиркаше, ки Тоҷикистон аз Туркия хардирорӣ кардааст, низ банд шудаанд. Ба онҳо низ иҷозати воридшавӣ надодаанд", — таъкид кардааст як ронанда.

Ронандаи дигари тоҷик афзудааст, ки марзбонони Туркманистон танҳо ба мошинҳое, иҷозат намедиҳанд, ки ба тарафи Тоҷикистон мераванд. Ба гуфтаи вай мошинҳои боркаше, ки ба сӯи Узбакистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо равона ҳастанд, бидуни ягон мушкили марзро убур мекунанд.

"Танҳо ба мошинҳои боркаше, ки ба тарафи Тоҷикистон равона мебошанд, иҷозат намедиҳанд" — афзуд вай.

Ҳамчунин мусоҳибон таъкид карданд, ки дар марз мошинҳои боркаши Эрон ва Туркия, ки ба сӯи Тоҷикистон равонаанд, банд шудаанд. Ба гуфтаи онҳо чунин ҳолат дар дигар гузаргоҳҳои Туркманистону Эрон низ мушоҳида мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон аз ин ҳодиса хабардор аст.

404
Барчаспҳо:
банд, марзбандӣ, мошини боркаш, Туркманистон, убури марз, марз, сафир, Тоҷикистон, Тоҷикистон