Ансамбли миллии Шашмаком, акс аз бойгонӣ

Иштироки Тоҷикистон дар форуми санъати мақом дар Шаҳрисабз

156
(Таҷдидшуда 18:38 03.09.2018)
Ҳайати Тоҷикистон дар аввалин форуми байналмилалии санъати мақом дар Шаҳрисабзи Узбакистон ширкат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 3 сент — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон аз 6 то 10-уми сентябри соли равон дар Шаҳрисабзи Узбакистон дар аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом ширкат хоҳанд кард, иттилоъ додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар форуми мазкур ҳайати ҳунарпешагон ва санъатшиносони Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи Форум мазкур Конференсияи амалӣ дар мавзӯи "Санъати мусиқии мақом ва мавқеи ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ" баргузор мешавад.

Инчунин тибқи барнома, асбобҳои мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобаста аст, ба маърази тамошо гузошта мешавад.

156
Барчаспҳо:
шашмақом, мусиқӣ, санъат, Узбакистон, ҳайат, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Гробы умерших от коронавируса, архивное фото

Боз фавт: эълони омори сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

546
(Таҷдидшуда 19:22 28.10.2020)
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10900 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард, ки мувофиқи он боз як шаҳрвани кишвар қурбони ин беморӣ шуд.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10900 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 61 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10070 (92,4%)  баробар гардид.

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Тибқи иттилои Вазорат дар давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID - 19 боз як нафари дигар ҷон бохта, шумораи умумии қурбониёни ин вабои аср ба 82 нафар расид.

Манбаъ афзуда, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

546
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ремесленная ярмарка в Исмаилитском центре в Душанбе

"Made in Tajikistan-2020": намоишгоҳ баргузор мешавад, аммо онлайн

33
(Таҷдидшуда 16:31 28.10.2020)
Ба гуфтаи созмондиҳандагони намоишгоҳ, иштироки ширкатҳо дар он ройгон хоҳад буд, ки ин шумораи содиротро васеъ ва истеъмолкунандагони маҳсулотро дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мекунад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Баргузоркунандагони намоишгоҳ эълон карданд, ки "Made in Tajikistan-2020" баргузор мешавад, вале тариқи онлайн.

Намоишгоҳ аз 26 ноябр то 17 декабр доир мешавад.

"Вобаста ба вазъи кунунии иқтисодии ҷаҳон ва инчунин пандемияи COVID-19 тасмим гирифта шудааст, ки баргузории намоишгоҳ тавассути Интернет сурат гирад", - тавзеҳ додаанд аз Палатаи савдо ва саноат ба "Ховар".

Made in Tajikistan: ду медал ба маҳсулоти тоҷикӣ дар намоишгоҳи Маскав

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии намоишгоҳ дастгирии соҳибкорон ва содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, инчунин дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таблиғи ширкатҳою маҳсулот дар бозорҳои дохилию байналмилалӣ ва афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон мебошад.

“MADE IN TAJIKISTAN”. Муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ

Ба гуфтаи созмондиҳандагони намоишгоҳ, иштироки ширкатҳо дар он ройгон хоҳад буд, ки ин шумораи содиротро васеъ ва истеъмолкунандагони маҳсулотро дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мекунад.

33

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия