Иди Харбуза дар бозори Меҳргон дар Душанбе

Харбузада биё: таҷлили Иди Харбуза дар Душанбе

214
(Таҷдидшуда 13:23 04.09.2018)
Имрӯз, 4 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамкории шаҳрдории пойтахт, Иди харбуза баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Иди харбуза ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахт бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ҷашни харбуза чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон дар моҳҳои август ва сентябр ва дар авҷи мавсими харбуза ва тарбуз баргузор мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи Иди харбуза Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, ширкат намуд.

Зимни суханронӣ вазир таъкид кардааст, ки тоҷикон харбузаро 5 ҳазор сол пеш парвариш мекарданд.

Дар маркази хариди Меҳргон дар шаҳри Душанбе навъҳои мухталифи харбуза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фуруш гузошта шудааст.

Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, харбуза, тарбуз ва каду бо нархҳои 20 дарсад аз бозор арзонтар ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод шуд. Пагоҳ харбузаю тарбузҳо бо нархи то 50 дарсад арзон ба фурӯш мегузоранд.

китобҳо, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Евгений Одиноков

Ҳамзамон озмуни беҳтарин харбузаҳо ҳам баргузор мегардад ва ба ғолибон ва беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ ҳадияҳои арзандае тақдим мешавад.

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Дар чорабинии имрӯза навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла харбузаи «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсиллдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширнпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора» бо нархҳои дастрас ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

214
Барчаспҳо:
деҳқони тоҷик, тарбуз, маҳсулот, харбуза, ид, кишоварзӣ, ҷашн, Душанбе, Тоҷикистон
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан

Раиси вилояти Хатлон: дар вилоят шиддати сирояти коронавирус паст гардид

0
(Таҷдидшуда 12:07 03.06.2020)
Ахиран раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар вилояти Хатлон гуфт, дар вилоят сироят ба вируси корона нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷаласаи ситоди вилояти қайд кардааст, ки тибқи таҳлилҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон шиддати бемории сирояти ба коронавирус нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст гардида, вазъи бистари шудани сокинондар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо камтар ба қайд гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки то ин вақт наздик ба чор ҳазор нафар бо бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, феълан ҳудудан 180 нафари дигар таҳти назорати табибони дармонгоҳҳои вилоят қарор доранд.

Ҳамзамон раиси вилоят таъкид дошт, ки ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории барномаҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, то ин муддат 1,1 миллион сомонӣ ворид гардидаааст.

“Дар маҷмӯъ зиёда аз 11 миллион сомонӣ барои татбиқи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст”, - гуфт  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Инчунин вай афзудааст, ки барои хизматрасонии босифат ва баландихтисоси тиббию санитарӣ ба беморон, хусусан ба беморони мубталои бемориҳои сироятӣ, тибқи дастуру супоришҳои ситоди вилоятӣ мунтазам рейдҳои муштарак гузаронида шуда, ҳолати омодабошии муассисаҳои тандурустӣ мунтазам мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад.

0
Барчаспҳо:
ситод, вилоят, паст, паҳншавӣ, сироят, Хатлон, Тоҷикистон
Приветственная Стелла в город Варзоб, архивное фото

Дар ноҳияи Варзоб дигар коронавирус нест?: мақомот ба муовини сарвазир чӣ маълумот доданд?

99
(Таҷдидшуда 12:15 03.06.2020)
Дар ҷаласаи як ҷаласа мақомоти ноҳияи Варзоб ба муовини сарвазири кишвар иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии назди муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ки 2 июн дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид, гузориш дода шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки зимни ҷаласа ба муовини сарвазири кишвар гузориш дода шуд, ки дар беморхонаи  ноҳияи Варзоб низ охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, ҷавоб шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар пешгирии ин сироят сар аз давраи гӯшанишинӣ то бартарафкунии он раиси ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва дигар масъулин саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир Ширин Исматуллозода ба мақомоти ноҳия дастур додааст, ки корҳои безараргардониро давом дода, бо аҳолӣ ҳамеша тамос шаванд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки давоми чанд рӯзи охир чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд.

Гуфта шудааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки тибқи  дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромад.

99
Барчаспҳо:
ҷавоб, беморхона, бемор, муовини сарвазир, вирус, Варзоб, Тоҷикистон