Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими муносибатҳои низомӣ бо Чин шуд

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо Сюй Тсилян, муовини сардори Шӯрои марказии ҳарбии Чин масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сюй Тсилян, муовини сардори Шӯрои марказии ҳарбии Чин мулоқот анҷом доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.

"Таҳкими муносибатҳо дар соҳаи низоми ва ҳарбӣ — техникии Тоҷикистону Чин, яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории кишварҳои моро ташкил медиҳад", — таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Тарафҳо аз ҳамкории давлатҳо, ки хусусияти стратегӣ ва шарикии ҳамаҷониба дорад, изҳори қаноатмандӣ карда, умед карданд, он боз ҳам бештар рушд хоҳад кард.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории низомӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон ва муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризму экстремизм, радикализм, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни суҳбатт, инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0