Шарҳи ВКД: Иқрориддин аз бордони мошин афтиду ҳалок шуд

© Фото : Руслан ЯкшибаевГоры в Таджикистане в Согдийской области
Горы в Таджикистане в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, мусофир Иқрориддини Қодирқул, сокини 27-солаи ноҳияи Айнӣ дар роҳ ба Панҷакент дар пайи беэътиноии ронанда ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Иқрориддини Қодирқул дар роҳи Айнӣ — Панҷакент аз бордони мошини "Хундай-Портер" афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Ронанда Шарофов Файзрух, сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоат қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накардааст, ки дар натиҷа  Иқрориддин Қодирқул аз бордон ба замин афтидаст", — омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0