Вазири хориҷаи Сироҷиддин Муҳриддин ва роҳбари САҲА дар Тоҷикистон Туула Юрёла

Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе мулоқот кард

229
(Таҷдидшуда 13:49 07.09.2018)
Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Туула Юрёла, роҳбари дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, ки мӯҳлати кораш дар ин мақом ба анҷом мерасад, мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Туула Юрёларо бинобар ба итмом расидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин аз Юрёла барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуд.

"Тоҷикистон умедвор аст, ки ҷойгузини ӯ низ дар ин кишвар муносибатҳоро дар чунин сатҳи ҳамкорӣ идома хоҳад дод", — таъкид кардааст вазир.

Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳоро бо САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки дафтари матбуоти САҲА дар Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр бо пахши баёнияе эълон кард, ки рисолати сафирии Юрёля бо сабаби хотима ёфтани мӯҳлати кораш дар ин мақом ба анҷом мерасад.

Сафир Туула Юрёля, ки дипломати финландӣ мебошад, 1 октябри соли 2016 ба мақоми раҳбари дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон таъин шуд. Пеш аз Тоҷикистон давоми солҳои 2013-2016 дар мақоми сафири Финляндия дар Миср кор кардааст. 

229
Барчаспҳо:
САҲА, мулоқот, вазири хориҷа, роҳбар, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2312
(Таҷдидшуда 21:57 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2312

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

481
(Таҷдидшуда 19:34 12.08.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон омори тозаи гириторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 93  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Гулназар Келдӣ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронда шуд

Инчунин, дар давоми 24 соати гузашта дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7912  нафар баробар гардид.

"То санаи  12 август дар мамлакат  6696  (84,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 63  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

“Худатонро эҳтиёт кунед!” Насиҳати Гулназар Келдӣ аз шифохонаи “Истиқлол”

Вазорати беҳдошт ёдоварӣ карда, ки айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

481
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон