Имзои созишнома қарзӣ барои харидории автобусҳо ба Бохтар

Ба Бохтар барои харидории автобусҳо 6 миллион доллар қарз доданд

321
(Таҷдидшуда 17:29 07.09.2018)
Шартномаи қарзӣ ба маблағи 6 миллион долларро Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Тоҷикистон ва Айтен Рустамова, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои беҳбуди сатҳи хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар то 6 млн. доллар қарз ҷудо намудааст, иттилоъ додааст намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.

Қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба корхонаи "Бохтарнақлиётхизматрасон" ба муҳлати 13 сол дода мешавад.

"Маблағ барои харидории 40 адад автобусҳои нав, ки истифодаи онро ба маъюбону пиронсолон осон мекунанд, масраф хоҳад шуд", — таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамчунин ин маблағҳо ба сохтмони истгоҳои автобус ва ҷорӣ кардани низоми билетҳои электронӣ истифода хоҳад шуд.

Намояндагони бонк бар онанд, ки хадамоти нақлиёти корхонаи "Бохтар" барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва ҳисоботи молиявӣ, ҳамчунин бунёди низоми муосири пардохти маблағи роҳкиро, ки ба таҷрибаи беҳтарини байнулмилалӣ асос ёфтааст, кумак мекунад.

Инчунин манбаъ афзудааст, ки дар лоиҳа имконоти бо ҷойи корӣ таъмин кардани занон низ пешбинӣ шудааст.

БАТР ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 608 млн. евро (700 млн. доллар) маблағгузорӣ кардааст.

 

321
Барчаспҳо:
БАТР, автобус, Бонк, қарз, харидорӣ, Тоҷикистон, Тоҷикистон