Ҷазои Зоир Самиев, сокини Душанбе барои дашном додани модараш

Ҳабси писар барои дашноми модараш дар Душанбе

878
(Таҷдидшуда 19:54 07.09.2018)
Додгоҳи ноҳияи Сино, Зоир Самиев, сокини 36-солаи Душанберо барои дашноми модараш ба 11 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ба ин ниҳод Гуландом Шарипова,  модари 60-сола муроҷиат карда, аз авбошию бадмастии фарзандаш шикоят кардааст.

Ӯ арз доштааст, тайи чанд муддати охир фарзандаш дар ҳолати мастӣ ба хона баргашта, доимо бо ӯ ҷанҷоли лафзӣ намуда, мавриди дашному ҳақорат қарор медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки зимни санҷиш аз ҷумла муайян гардид, ки  4 сентябр  Самиев Зоир тахминан соати 21:00 дар ҳолати мастӣ ба хона баргашта, дар ҳузури ҳамсоягон модарашро мавриди дашному ҳақорат қарор додааст.

Додгоҳи ноҳияи Сино 5 сентябр Самиевро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста,  нисбаташ ҷазо дар намуди 11 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва корҳои ҷамъиятӣ таъин кардааст.

 Инчунин Зоир Самиев баъди гирифтани ҷазо дар ҳузури кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз модараш барои кирдорҳои ғайриахлоқӣ  узр пурсида, ваъда додааст, ки дар оянда ба чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ даст намезанад.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи асосии таҳияи чунин мавод таҳқири шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон набуда, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бо ин васила мехоҳад пеши роҳи кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандонро гираду маърифат ва адолати ҳуқуқӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин карда шавад.

 

878
Барчаспҳо:
ҷазо, дашном, модар, фарзанд, ҳабс, додгоҳ, Тоҷикистон