эълони ҳукми додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Кормандони милитсияи Тоҷикистон ва Русия муттаҳамон дар кушторро дастгир карданд

516
(Таҷдидшуда 14:28 08.09.2018)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни руси худ дар як амалиёти муштарак ду шаҳрванди ҷумҳуриро, ки дар қатли ду шаҳрванди Русия айбдор мешаванд дар ноҳияи Варзоб дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино ба иттилои ВУД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти муштарак кормандони милитсияи Тоҷикистону Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дастгир намуданд.

"Кормандони ВУД Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 248, 281 ва 331 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд ва марди 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 115 Кодекси ҷиноятии Русия маҳкум шуда буд, аз ҳудуди ноҳияи Варзоб, бо ҷурми одамкушӣ дастгир кардаанд", — гуфтааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 23-юми марти соли 2016 дар шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия бо истифода аз туфангчаи "Макаров" ба қафаси синаи ду марди 40-солаи сокинони шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистон се маротиба паррондаанд.

"Дар натиҷа як нафари онҳо ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нафари дуввум бошад, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда мешавад", —афзуд манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки кирдори содиркардаи онҳоро Тоҷикистон низ ҷиноят эътироф карда, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

516
Барчаспҳо:
ВУД, пулис, амалиёт, муштарак, Русия, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

313
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

313
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

161
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

161
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия