мошини боркаш, акс аз бойгонӣ

Дар Рашт бо ҷалби шахсони саховатманд роҳи мошингарди Ғарм-Навобод таъмир карда шуд

188
(Таҷдидшуда 15:46 08.09.2018)
Роҳи мошингарди шаҳраки Ғарм – Ҷамоати деҳоти Навобод, ки солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт, имрӯз барои истифода ифтитоҳ шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Рашт бо ҷалби шахсони саховатпеша роҳи мошингарди Ғарм-Навобод ба масофаи зиёда аз 8 километр таъмир карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар" дар истинод ба раиси ноҳияи Рашт Қиноатшои Лоиқ.

Ҳамзамон мумфарш намудани роҳи байни шаҳраки Навобод ва Поҷеи ноҳия ба масофаи 8 километр идома дорад.

Инчунин ба иттилои манбаъ, дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар назди ду муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва созмонҳои хориҷӣ бо маблағи як миллиону 800 ҳазор сомонӣ 16 синфхонаи иловагӣ сохта шуд.

Дар маркази ноҳияи Рашт низ бинои маъмурии кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз ду ошёна иборат мебошад, ба истифода супорида шуд. Ин бино ба маблағи як млн сомонӣ сохта шудааст. 

188
Барчаспҳо:
мумфарш, таъмири роҳ, Рашт, роҳ, истиқлолият, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Жители Душанбе на улице в масках

58 шифоёфта ва 39 маризи нав: омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистон

70
Дар Тоҷикистон акнун теъдоди гирифторони маризии коронавирус аз моҳи апрел ба ин сӯ, ба 10 939 нафар баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 10939 нафар расид, 

Ҳамзамондар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10128 (92,5%)  баробар гардид.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Манбаъ меафзояд, давоми як шабонарӯзи ахир дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Теъдоди қурбониёни COVID - 19, 82 - нафарро ташкил медищанд.

Вазорат аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

70
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Мотам дар "Амонатбонк": Зариф Ҷӯраев даргузашт

3007
(Таҷдидшуда 19:52 29.10.2020)
Зариф Ҷӯраев, мудири филиали бонки давлатии "Амонатбонк", дар шаҳри Бӯстон дар синни 47 - солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Манобеи муътамад аз Бонки давлатии "Амонатбонк" дар вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҷӯраев дар Бемористони марказии шаҳри Бӯстон аз бемории "илтиҳоби шуш" табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим кард.

"Он кас аз мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ буд. Хабари даргузашти Зариф Ҷӯраев моро бисёр андуҳгин намуд. Ба аҳли пайвандон ва дӯстонашон сабри ҷамил мехоҳем", - зикр намуд манбаъ.

Зариф Ҷӯраев, 15 ноябри соли 1973 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи муосири шаҳри Маскав (РОСНОУ) мебошад.Ӯ солҳои зиёд дар шуъбаҳои бонки давлатии амонатгузории кишвар "Амонатбонк" фаъолият намудааст. Аз ҷумла, то соли 2018, мудири филиали "Амонатбонк" дар Хуҷанд буд.

Дар оғози соли 2019, бо фармони сардори Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мудири ин бонк дар вилояти Суғд таъйин шуд ва дар ин мақом ҳудуди ҳашт моҳ фаъолият кард.

Набӣ Шораҳмонов даргузашт: иллати марги ӯ номаълум аст

Аз моҳи феврали соли ҷорӣ, мудири "Амонатбонк" дар шаҳри Бӯстон буд. Онҳое, ки бо Зариф Ҷӯраев ҳамроҳ кор кардаанд, аз ӯ ба унвони як мутахассиси варзидаи соҳаи бонкдорӣ ёд намуда, даргузашти ӯро як талафоти бузург дар "Амонатбонк" арзёбӣ мекунанд.

3007
Барчаспҳо:
даргузашт, мудир, "Амонатбонк", Бӯстон
Доктор медицинских наук, профессор, заведующий кафедрой инфекционных болезней Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино Рахманов Эркин

Саринфексионисти Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба мавҷи дуюми COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:40 29.10.2020)
Эркин Раҳмонов, саринфексионисти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагиҳо ба мавҷи дуюми бемории коронавирусро шарҳ дод

Раҳмонов мегӯяд, дар кишвар тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус амалӣ шуда истодаанд ва агар он фаро ҳам расад, бахши тандурустии кишвар захоири кофиро дар ихтиёр дорад.

Главный инфекционист Таджикистана: если вторая волна будет, резервы у нас готовы
“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, - изҳор дошт сироятшинос.

Ӯ изҳори умед кард, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

Раҳмонов таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат аз моҳи апрел то ҳозир ба 10 ҳазору 939 нафар расид, 

Ҳамзамон дар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 128 нафар (92,5%) баробар гардид.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, мавҷ, Тоҷикистон