Дучархаи харобшуд, акс аз бойгонӣ

Садамаҳо сабаби марги ду дучархасавор шудааст

186
Рӯзи 7 сентябр соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд ду дучархарон ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати умури Дохилаи Тоҷикистон, Бобоҷонов Илҳомҷон ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Ёва" бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, Султонов Раҳимхуҷа, дучархасавори нафақахӯрро, соли таваллудаш 1939, ки сокини ҷамоати деҳоти Ёва будааст, пахш намудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 7-уми сентябри соли равон, ронандаи "КАМАЗ", Болтаев Дилшод, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Темурназарови шаҳри мазкур, дучархарон, Юсуфов Қадриддин Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Ворухро пахш намудааст.

Дар натиҷа, дучархарони мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

дар ҳоли ҳозир ҳодисаҳои мазкур мавриди таҳқиқ қарор доранд.

186
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Суғд, дучархасавор, роҳ, садама, Тоҷикистон