Даромадгоҳи боғи Данғара, акс аз бойгонӣ

Данғара беҳтарин ноҳия ва Бохтар беҳтарин шаҳр эълон шуд

280
(Таҷдидшуда 08:56 09.09.2018)
Озмун барои муайян намудани беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла ва деҳа ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Ноҳияи Данғара дар озмуни вилоятӣ дар Хатлон пирӯз гардида, беҳтарин эътироф шуд.

Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Хатлон, комиссияи  вилоятӣ дар озмуни маҳаллаҳо ҷойи якум ва 3500 сомониро ба маҳаллаи "Ибни Сино"-и ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм  ва 2500 сомонӣ ба маҳаллаи "Нурулло Ҳувайдуллоев"-и шаҳри   Бохтар ва ҷоию сеюму 2000 сомониро ба маҳаллаи "Маҳаллаи-1"-и ноҳияи Фархор дод.

Ба иттилои манбаъ миёни шаҳрҳо Бохтар соҳиби ҷойи аввал, шаҳри Кӯлоб — ҷойи дуюм ва шаҳри Левакант мақоми сеюмро касб намуд.

Миёни ноҳияҳо Данғара ҷойи якум, Ёвон ҷойи дуюм ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун бо иштироки Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон сурат гирифт.

Комиссияи озмун инчунин ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бархе аз иштирокдоронро бо  ифтихорнома қадрдонӣ кардааст.

280
Барчаспҳо:
Данғара, Бохтар, беҳтарин, озмун, Тоҷикистон