Сохтмон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Порахӯрӣ дар Кумитаи сохтмон: иҷозатнома ба ширкате, ки на техника дошту на мутахассис

726
(Таҷдидшуда 11:04 09.09.2018)
Додгоҳ ду мақомдори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистонро барои порагирӣ ва додани иҷозатнома ба ширкате, ки на мутахассис дошту на техника 557 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Шукурзода Қобил Нарзулло, сардори шуъбаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, котиби Комиссияи иҷозатномадиҳии ин Кумита бо кӯмаки мутахассиси пешбари шуъба — Фирӯз Амонзода аз муассиси ширкати "Идрис — 2017" барои иҷозатнома дар соҳаи сохтмон 8200 сомонӣ пора талаб кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, номбурдагон моҳи феврали соли равон дидаю дониста, ки ширкати "Идрис-2017" мутахассис, бино ва техника барои фаъолияти сохтмонӣ надорад, ба ивази пора ба Шарипов.Х., муассиси ин ширкат ваъда додаанд, ки иҷозатнома медиҳанд.

"Барои ғайриқонунӣ омода кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки гӯиё дар ҷамъияти мазкур мутахассисони соҳаи сохтмон ва бинову техникаҳои лозимӣ мавҷуд мебошад, 8200 сомонӣ ва баъдан 1200 сомонии дигар талаб кардаанд", — иттилоъ додааст манбаъ.

Додситонии кул афзудааст, ки Шукурзода ҳуҷҷатҳои қалбакии "Идрис-2017"-ро моҳи марти соли равон ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда, барои ба ин довталаб додани иҷозатнома мусоидат намудааст.

"Дар натиҷаи чунин амали ғайриконунӣ, бо қарори Комиссия,  27 марти соли 2018 ба ҶДММ "Идрис-2017" иҷозатномаи фаъолият оид ба сохтмони биноҳо ва иморату иншоот таҳти силсилаи ДБ-3 №0002569 дода шуд", — омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Додгоҳ муттаҳамонро дар гирифтани пора, шарикӣ дар гирифтани пора ва сохтакории хизматӣ гунаҳкор дониста,  Шукурзода Қобил Нарзуллоро  279 ҳазору 250 сомонӣ ва Амонзода Фирузи Садриддинро 278 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Инчунин бо қарори додгоҳ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати 4 сол маҳрум гардидаанд.

726
Барчаспҳо:
сохтмон, пора, боздошт, фасод, ширкат, ҷарима, Тоҷикистон