Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳурии Эрон мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Истиқлолият табрик кард

413
(Таҷдидшуда 10:51 10.09.2018)
Ҳасан Рӯҳонӣ, рӯзи якшанбе дар паёме фаро расидани солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар номаи табрикотиаш бо фарорасидани бисту ҳафтумин солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда ибрози умедворӣ кардааст, ки дар партави баробарии муштарак, муносиботи дуҷониба дар ҷиҳати таъмини манофеи ду кишвар, тавсеа ва тақвият ёбад.

"Боварӣ дорам, ки дар партави кӯшишҳои муштарак, муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати таъмини манфиатҳои ду кишвар ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ тавсеа ва тақвият хоҳад ёфт", —таъкид кард вай.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин дар ин паём барои давлат ва мардуми Тоҷикистон, саломатӣ ва сарбаландӣ ‏орзӯ кард.

Инчунин номаҳои табрикоти ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Турикия, Президенти Қирғиҳистон Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Покистон Ориф Алвӣ ва ғайра равон намуданд. 

413
Барчаспҳо:
истиқлолият, табрикот, Эрон, Тоҷикистон, Тоҷикистон