Намоиши молу маҳсулоти Самарқанд дар Суғд

Аҳмадзода: намоиши молу маҳсулоти Самарқанд дар Суғд намунаи тавсеаи ҳамкориҳост

111
(Таҷдидшуда 11:06 10.09.2018)
Дар доираи Рӯзҳои вилояти Самарқанди Узбакистон дар вилояти Суғд дар Қасри варзиши маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни маролсими ифтитоҳи намоишгоҳои молу маҳсулоти Самарқанд дар вилояти Суғдро намунаи олии тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вай, ҳузури гурӯҳи калони намояндагони вилояти Самарқанд дар намоиши байналмилалии савдо "Суғд-2018" имкон дод, ки миёни доираҳои тиҷоратии ҳар ду вилоят созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Дар намоишгоҳи мазкур 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд ва 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти гуногунро аз қабили маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нассоҷӣ, мебел, қолинбофӣ, чиниворӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ, меваи хушк, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, асал ва амсоли инро ба намоиш гузоштанд.

Инчунин зимни суханронӣ Раҷаббой Аҳмадзода, афзуд, ки бо бозшавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ теъдоди меҳмонону сайёҳоне, ки аз Узбакситон тавассути вилояти Суғд ба Тоҷикистон ворид мешаванд, афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳони Узбакистон аз вилояти Суғд дидан карданд. ва
"Ин худ гувоҳи он аст, ки равуои сокинон ва табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо дар ҳоли афзоиш қарор дорад", — таъкид кард Аҳмадзода.

Инчунин дар доираи намоишгоҳи молу маҳсулоти Самарқанд дар шаҳри Хуҷанд Форуми соҳибкорони вилояти Суғду Самарқанд баргузор шуд. 

111
Барчаспҳо:
Форуми иқтисоду ҳамкорӣ, молу маҳсулот, Самарқанд, Узбакистон, Тоҷикистон, намоиш, маҳсулот, Тоҷикистон
Пробирки с кровью для анализа на covid-19

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

175
(Таҷдидшуда 20:04 05.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7625  нафар баробар гардид.

"То санаи  5 август  дар мамлакат  6399 (83,9%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

Ин ниҳод даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

175
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, омор, тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Автобусы которые будут производить на новом заводе AKIA AVESTA

Дар Душанбе хатсайри нави автобусӣ ба роҳ монда мешавад

105
(Таҷдидшуда 18:21 05.08.2020)
Шаҳрдории Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави автобусии №41 ба роҳ монда мешавад, гузориш медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз 10 августи соли  равон дар шаҳри Душанбе  хатсайри нави автобусии №41 (Дарвозаи Ғарбӣ-Бозори Кӯшониён) ба фаъолият оғоз менамояд.

Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву  хиёбонҳои Нусратуло Махсум, А. Навоӣ, Карамов,  Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ҳаракат менамоянд. 

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ду-се соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

Тавре мутахассисон иброз доштанд, автобусҳои "AKIA"   дорои 26 ҷойи нишаст   буда,  таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз  дигар  автобусҳо бартарӣ доранд.

Муҳаррики он истеҳсоли ширкати "Мерседес Бенс" мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.

"Бе кондуктор": дар роҳҳои Душанбе маршруткаҳои сохти Тоҷикистон пайдо шуданд - видео

Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.

105
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Дар Русия ҷавонеро дастгир карданд, ки дар Душанбе ҷустуҷӯ мешуд

0
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳудуди кишвар як муҳоҷиреро боздошт карданд, ки тайи 4 сол аз додгоҳи мақомоти Тоҷикистон фирор мекард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти Русия хабар медиҳанд, ки дар Магнитогорск як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд. Ӯ тайи чор сол ба пайгард эълон шуда буд.

Ин шаҳрванди хориҷиро пас аз бонги изтироб аз яке аз шӯъбаҳои полис дастгир кардаанд.

"Кормандони шӯъбаи полис ба Росгвардия хабар додад, ки ба шуъба марди шубҳаангезе ворид шудааст. Пас аз тафтиш кардани ҳуҷҷати вай маълум гардидааст, ки ин ҷавони соли таваллуди 1992 дар Тоҷикистон 4 сол инҷониб ба пайгард эълон шуда будааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

 

Маълум аст, ки мақомоти Русия ҷавони боздоштшударо бо дархости ҷониби Душанбе мекофтанд. Аммо маълум нест, ки ӯ дар ватан ба кадом ҷиноят гумонбар дониста мешавад.

Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт

 

0