садама, акс аз бойгонӣ

Барои ҳифзи номуси хоҳар: муҳоҷир бо худрав дар Маскав ҳамватанонашро зер кард (навор)

774
(Таҷдидшуда 16:04 10.09.2018)
Як шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми рондани “таксӣ” ба тарафи издиҳоми мардум дар шаҳри Маскав боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бекҷон Сарбишев, шаҳрванди Қирғизистон зодаи деҳаи Токтогули ноҳия Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон 10 зодаи Қирғизистонро бо мошини Volkswagen Polo пахш намуда, сабаби марги яке аз онҳо шудааст, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии "360".

Ба гуфтаи манбаъ, пулиси шаҳри Маскав Бекҷон Сарбишев, соли таваллудаш 1997, зодаи ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистонро дастгир кардаасст. Рӯзи 9 сентябр дар назди қаҳвахонаи "Аура" дар минтақаи Марионои шаҳри Маскав як нафар бо мошини Volkswagen Polo як гурӯҳ ҷавонони дар назди қаҳвахона ҷамъшударо пахш намудааст. Дар натиҷа чанд шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардошта, якеи онҳо ба ҳалокат расид.

Бекҷон Сарбишев дар баёноташ ба пулис гуфтааст, ки ӯ аз номуси хоҳараш ва ҳимоят кард.

Шаби 8 ба 9 сентябр дар қаҳвахонаи "Аура" зодрӯзи хоҳари Бекҷонро ҷашн мегирифтанд. Як гуруҳи ҷавонон ба хоҳари Бекҷон гаппартоӣ кардаву дастдарозӣ мекарданд. Бекҷон бо он ҷавонон вориди баҳс ва сипас занозанӣ мешавад."Бекҷон Сарбишев аз рафтори ҳамватанонаш нороҳат шуда, иқдоми онҳоро таҳқиромез донист. Миёни Бекҷон ва ҳамватанонаш ҷанҷол сар мезанад. Сипас, Бекҷон ба берун баромада ба мошини Volkswagen Polo нишаста мунтазири ин гурӯҳ мешавад, вақте, ки онҳа дар назди қаҳвахона ҷамъ меоянд вай онҳоро бо мошин пахш мекунад", — гуфтааст манбаъ.

Дар натиҷа, як шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат мерасад ва чанд нафари дигар дар бемористон бистарӣ мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия Бекҷон Сарбишевро дастгир намуда, аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бино ба иттилои баъзе аз расонаҳои хабарӣ, модари Бекҷон Сарбишев аз рафтори писараш ҳимоят намуда, гуфтааст, ки ӯ кори дуруст кардааст.

774
Барчаспҳо:
пулис, садама, Маскав, муҳоҷир, пахш, қирғиз, Русия