Ансамбли мақоми Тоҷикистон

Мақомсароёни тоҷик дар Узбакистон шоҳҷоиза ва 15 ҳазор доллар гирифтанд

492
(Таҷдидшуда 11:51 11.09.2018)
Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик бо роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли равон дар Шаҳрисабзи Узбакистон баргузор шуд, иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар форуми мазкур, сазовори шоҳҷоизаи аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом гардиданд.

Академияи мақоми Тоҷикистон ба дарёфти Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом дар Узбакистон ва 15 ҳазор доллар мукофотпулӣ шарафёб гардид.

Дар форуми Шаҳрисабз Тоҷикистонро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озодахон Ашӯрова, мақомсароёни маъруфи ҷумҳурӣ Насиба Омумбаева, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Сироҷиддин Ҷӯраев, Мурод Ҷумъаев, Ҷамшед Эргашев, Хуршед Иброҳимов, Камолиддин Ҳамдамов намояндагӣ карданд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки форуми мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО ва бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон баргузор шудааст.

Дар форуми мазкур наздики 300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё ширкат намуданд.

Форуми мазкур бо мақсади эмин нигаҳдории мусиқии анъанавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ, рушди гуногуншаклӣ тавассути дастгирии эчодкорӣ гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дар доираи кори форум бо иштироки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон дар мавзӯи "Санъати мусиқии мақом ва мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ" конфронси илмиву амалӣ ва намоиши асбобҳои мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобаста аст баргузор шуд.

492
Барчаспҳо:
шоҳҷоиза, шашмақом, вазорати фарҳанг, Узбакистон, мақом, ҷоиза, Тоҷикистон, Тоҷикистон