ВУД Тоҷикистон: дар роҳҳои ҷумҳурӣ як пиёдагарду як ронанда ба ҳалокат расиданд

© Sputnik / Табылды КадырбековДорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото
Дорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки рӯзи 10 сентябр дар роҳҳои кишвар як пиёдагардро мошин пахш кард ва як ронандаи дигар ба сабаби ба чуқуррӣ паридани мошинаш ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Рӯзи 10-уми сентябри соли равон, ронандаи мошини "Тойота-Сурф", Олимов Акбархӯҷа Ахмедович, сокини деҳаи Сафедараи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сафедара ба самти деҳаи Такоб, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи худраваш набаромада, пиёдагард, Назаров Ғозибек Бекназарович, сокини деҳаи Сафедараро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Назаров Ғозибек ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ҷон додааст.

Инчунин рӯзи 10-уми сентябр, ронандаи мошини "Мерседес-Бенс", Шамсуддинов Абдураҳим Абдуғаффорович, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ, аз ӯҳдаи идораи худраваш набаромада, ба чуқурии 250-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид кардааст, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0