Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ифтитоҳ кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа сафар кард

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаро ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаи замонавиро дар рӯзҳои истиқбол аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳа арзёбӣ намуданд.

Бинои беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии беморон мебошад.

Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад.

Лоиҳаи ҳаммоми пешниҳодкардаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур дар бораи навсозии деҳот ва роҳи Дарвоз - Ванҷ: 2 миллиард лозим

Ба гуфтаи манбаъ, мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тандурустӣ дар ноҳияи Роштқалъа мушкилоти чандсолаи табибону беморонро пурра рафъ кард.Инчунин дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёна ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд.

Ба гуфтаи манбаъ, тибқи лоиҳа, дар ҳавлии биноҳои 5-ошёнаи ноҳияи Роштқалъа, ки барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, ки ин биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шаванд. 

Лентаи хабарҳо
0