Душанбе узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ интихоб шуд

© Амир ИсаевПразднование Дня независимости Таджикистана в парке имени Фирдоуси в Душанбе
Празднование Дня независимости Таджикистана в парке имени Фирдоуси в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли равон дар шаҳри Чиндаои Чин баргузор шуд, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи мазкур интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои шаҳрдории Душанбе, рӯзи 8 сентябр маросими расмии супоридани шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ бархе аз намояндагони кишварҳои ҷаҳон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, донишмандон, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро Кумитаи рушди сайёҳии кишвар намояндагӣ кардааст.

Узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ ба муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳоро бо Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ ба роҳ монда истодааст.

Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ яке аз ташкилотҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ буда, раёсати Федератсияро шаҳри Пекини Чин пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳрҳои дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассосиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили Федератсияи мазкур мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0