Бонувони футболбози Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Оғози Чемпионати Осиё миёни бонувони то 16-сола дар шаҳри Ҳисор

44
(Таҷдидшуда 13:53 13.09.2018)
Шурӯъ аз 15 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳалаи аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувони то 16-сола дар гурӯҳи «С» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои, федератсияи футболи Тоҷикистон, барои гирифтани роҳхат ба бозиҳои марҳалаи дуюм панҷ дастаи мунтахаб-Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ рақобат мекунанд.

Бозиҳо миёни тимҳои бонувон аз 15 то 23 сентябр идома меёбанд.

Ба марҳалаи дуюми мусобиқот, ки аз 23 феврал то 3 марти соли 2019 гузаронида мешавад, аз натиҷаи бозиҳои марҳалаи аввал 8 даста-ғолибон ва соҳибони ҷои дуюм, инчунин ду дастаи беҳтарини зинаи сеюм шомил мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати охирини Осиё — Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония дар бозиҳои ниҳоӣ мустақиман ширкат мекунанд. Чемпионат соли оянда дар Таиланд баргузор хоҳад шуд.

44
Барчаспҳо:
бонувон, Ҳисор, футбол, мусобиқа, Тоҷикистон, Тоҷикистон