Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб

Котиботи раисиҷумҳур: шароити сафар хатарнок буд, вале Эмомалӣ Раҳмон аз роҳ нагашт (АКС)

3314
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон шароити боду ҳаво дар Мурғобро барои сафари сарвари давлат ба ин ноҳия хатарнок хонд, вале Эмомалӣ Раҳмон аз роҳаш барнагаштааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи содиқи 13 сентябр ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид.

1 / 5
Юрты памирских кыргызов в Мургабском районе ГБАО

"Одатан вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеъа пеш меорад, балки барои инсон хатар ҳам эҷод мекунад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеъи куҳистон ташриф оварданд", — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки ноҳияи Мурғоб дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва релефи он мураккабу иқлимаш бисёр сард аст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Мурғоб Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат, меҳру муҳаббати бепоён ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд, ки нишонаи садоқату меҳру муҳаббат ба Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

3314
Барчаспҳо:
бодуҳаво, Мурғоб, раисиҷумҳур, сафар, Тоҷикистон
День 9 июля

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

19
(Таҷдидшуда 20:44 08.07.2020)
Рӯзи нӯҳуми июл Рӯзи байналмилалии теннис буда, дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ, дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият ва дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз мебошад

Рӯзи 9 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1788 Коннектикут Иёлати панҷуми ИМА шуд.

Соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намуд.

День 8 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Германия  (ГДР) дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кард.

Соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин  элементи химиявӣ кашф карда шуд. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел «Нобелий»  номгузорӣ намуданд.

Соли 1961  Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кард.

Соли 1988  варзишгари немис  Габриэла Ранш барои партофтани гурз  ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ӯро газид ва аз бозӣ ронда шуд.

Соли 2006 дар давраи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Германия дастаи мунтахаби Италия дастаи Франсияро дар силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуд ва маротибаи 4-ум чемпиони чаҳон шуд.

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо ширкати  Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.

Соли 2012  Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Америка дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл

  • Рӯзи байналмилалии теннис.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
  • Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.

Рӯзи 9 июн кӣ ба дунё омадааст

1901 — Барбара Картленд (соли даргузашт. 2000), нависандаи пурмаҳсули англис дар асри  XX.

1931 — Андрей Капитса (соли даргузашт 2011), ҷуғрофдони рус, таҳқиқгари Антарктида, профессор, узви Академияи илмҳо.

1938 - Лия Ахеджакова, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳунарманди халқии Русия.

1950 — Виктор Янукович, сиёсатмадори украинӣ, президенти Украина дар солҳои (2010—2014).

1956 — Том Хэнкс, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер дорандаи ду ҷоизаи "Оскар" ва чаҳор  "Золотой глобус".

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1941-2008 – нависанда  Азиз Раҳим.

1954 – ҳавошинос, нависанда Александр Пиров.

19
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тюремная вышка, архивное фото

Расонаҳо: то ду моҳ дар Тоҷикистон зиндони махсуси террористҳо ифтитоҳ мешавад

228
(Таҷдидшуда 19:39 08.07.2020)
Дар Тоҷикистон 19 марказ дар ихтиёри Созмони зиндонҳои ин кишвар қарор дорад, ки 13 макон барои гузарондани давраи маҳкумият ва шаш марказ низ боздоштгоҳҳои муваққат мебошанд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ифтитоҳи як зиндони махсусро барои нигаҳдории аъзои гурӯҳҳои террористии маҳкумшуда то ду моҳи дигар хабар додааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳо, Мансурҷон Умаров гуфта аст, ки зиндони ҷадид дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат дар 20 километрии шарқи шаҳри Душанбе дар ҳоли сохт асту то ду моҳи дигар  ифтитоҳ хоҳад шуд . 

Вай таъкид кардааст, ки пас аз ифтитоҳи ин зиндон тамоми  аъзои  гурӯҳҳои террористии маҳкум шуда ба ин макон  мунтақил хоҳанд шуд ва амалан зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе тахлия мешавад .

Ба гуфтаи Раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон  зиндони вижа  нигаҳдории аъзоии гурӯҳҳои террористии маҳкумшуда бар асоси стандартҳои байналмилалӣ бо ҳамкории ин ниҳод бо созмонҳои хориҷӣ тарроҳӣ шуда ва дар ҳоли такмил шудан аст.

Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ

Дар Тоҷикистон  19 марказ дар ихтиёри Созмони зиндонҳои ин кишвар қарор дорад,  ки 13 макон барои гузарондани давраи маҳкумият ва шаш марказ низ боздоштгоҳҳои муваққат мебошанд .

228