Парчами Русия ва Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Даъвати палатаи савдои Тоҷикистон аз Русия: биёед форуми соҳибкорон гузаронем

68
(Таҷдидшуда 16:20 13.09.2018)
Шариф Саид, раиси палати савдо ва саноати Тоҷикистон ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории доираҳои соҳибкорни ду кишварро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноат ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии палатаи савдо.

Зимни мулоқот Шариф Саид ба сафири Русия пешниҳод намуд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳо ва ҷалби сармоя дар Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва форуми соҳибкорони ду кишварро баргузор намоянд.

Аз ҷумла Шариф Саид барои баргузории намоиши бузурги молу маҳсулоти Русия дар Тоҷикистон, ба хусус дар шаҳрҳову навоҳии мухталифи кишвар даъват кард.

Вай таъкид кард, ки ширкатҳои Тоҷикистоние, ки дар намоишҳои байналмилалии Русия иштирок менамоянд, сол аз сол афзоиш меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, Лякин-Фролов таъкиид кардааст, ки имрӯз Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон буда, яке аз сармоягузори асосии ин кишвар мебошад..
Сафир афзудааст, ки яке аз соҳаҳои ояндадор рушди ҳамкорӣ, бахши кишоварзӣ будааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи июл дар шаҳри Хуҷанд намоиши тиҷории "Суғд-2018" баргузор шуд. Дар намоиши мазку беш аз 200 ширкати гуногуни дунё ба хусус аз Русия ширкат намуданд.

Ҳайати Русия сафар ба вилояти Суғдро судманд дониста, гуфта буданд, як чанд барномаҳои ояндадор роҳандозӣ шуд. Инчунин зимни намоиши мазкур чандин созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар соли гузашта 935 миллион долларро ташкил додааст, ки 23,6 дарсади гардиши савдои умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. 

68
Барчаспҳо:
соҳибкорон, палата, савдо, тиҷорат, Русия, Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ: мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Ҳинд

18
(Таҷдидшуда 01:31 15.08.2020)
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Ба нақл дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадато Султонов сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 

Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд.

Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

18
Барчаспҳо:
Душанбе, маҷлис, парлумон, ҳамкорӣ, Ҳинд, Тоҷикистон
День 15 августа

Ҷашнҳои рӯзи 14 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

28
(Таҷдидшуда 19:58 14.08.2020)
Рӯзи понздаҳуми август дар Русия аз Рӯзи бостоншиносон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз мардуми Ҳиндустон аз Рӯзи истиқлолияташон таҷлил мекунанд

Рӯзи 15 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1795 дар Фаронса пули нав – франк ба муомилот бароварда шуд.

День 12 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1908  ба занони Пруссия ҳуқуқи дар мактабҳои олӣ таҳсил намудан дода шуд.

Соли 1945 дар ИМА меъёри муқаррарнамуда барои фурӯши бензин ва равғани мошин бекор карда шуд.

Соли 1950 дар Иёлати  Ассами Ҳиндустон заминҷунбии 9- балла ба қайд гирифта шуд, ки  дар натиҷаи он 1000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2000 нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1992 дар Озарбойҷон пули нав – манат ба муомилот бароварда шуд.

 

Национальная валюта Азербайджана манат. Архивное фото
© Flickr / byezdomny
Национальная валюта Азербайджана манат. Архивное фото

 

Соли 2002 ширкати ҳавопаймои америкоии "National Airlines" дар бораи қарори худ, ки 11 сентябри ҳамон сол ҳамаи мусофиронашро бо арзиши рамзии 1 доллари америкоӣ интиқол медиҳад, хабар дод.

Соли 1877 ихтироъкор  Томас Эдисон аввалин маротиба пешниҳод кард, ки ҳангоми суҳбат бо телефон калимаи "Нello" истифода бурда шавад.

Соли 1879 дар шаҳри Торонто аввалин Намоиши миллии Канада баргузор гардид

Рӯзи 15 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1935  аввалин  Спартакиадаи кӯдакони Тоҷикистон баргузор гардид.

День 14 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор оид ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ Эмомалӣ Раҳмон пули мошингарди миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ифтитоҳ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013  дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайраро баррасӣ намудан

Соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия  намоиши чоррӯзаи маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистон, ки  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, хотима ёфт.

 

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств СНГ
© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств СНГ

 

Ҷашнҳои рӯзи 15 август

  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Конго – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Коста-Рика   –Рӯзи модар.
  • Дар Россия — Рӯзи бостоншиносон.

Рӯзи 15 август кӣ дар Тоҷикистон ба дунё омадааст

Солҳои 1907-1978 – нависанда Ҳабибулло Назаров.

Солҳои 1913-1983 – тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ.

Соли 1919 – рассом, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Сироҷиддин Нуриддинов.

Солҳои 1936 -2011 – ҳунарманди театр ва кино Бурҳон Раҷабов.

Соли 1939 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Раҷаб  Ҳусейнов.

28
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон