Ҷомадонҳои мусофирон дар фурудгоҳ, акс аз бойгонӣ

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон

660
(Таҷдидшуда 16:28 14.09.2018)
Раиси пулиси фурудгоҳи устони Хуросони Разавии Эрон хабар додааст, ки дар ҷомадони ду шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи марказии ин устон маводи мухаддир ошкор шудааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Сарҳанг Маҳдӣ Рустамии Қароӣ  хабар додааст, ки маъмурони пулиси фурудгоҳи Машҳад ҳангоми бозрасии васоили мусофирон аз ҷомадони ду шаҳрванди Тоҷикистон се килою 400 грам маводи мухаддир ошкор кардаанд. 

Дар ин бора хабаргузории ParsToday иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Сарҳанг Рустамии Қароӣ, маъмурон аз ҷомадони яке аз ин афрод як килою сад грам маводи мухаддир, ки ба сурати моҳирона дар шишаи оби ҷав ҷойгир шуда буд, кашф карданд.

Вай афзудааст, аз ҷомадони муттаҳами дигар низ ду килою 300 грам шираи маводи мухаддир пайдо шуд, ки васоили шахсии боздоштшуда, аз қабили сачоқу либосаш ба он омехта буд.

660
Барчаспҳо:
қочоқи маводди мухаддир, маводи мухаддир, шаҳрвандони тоҷик, Эрон, Тоҷикистон, Тоҷикистон