Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон обуҳавои камабру бебориш дар назарт аст

© © Sputnik / Амир ИсаевУлица в городе Душанбе, архивное фото
Улица в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 22+27 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1-6 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +10 +15 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона +12+14 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0