Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои навтаъин дар ВМКБ

Тағйироти куллии кадрӣ дар Бадахшон: Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорони нав чӣ супориш дод?

1893
(Таҷдидшуда 13:22 18.09.2018)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон,  Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон — Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд.

Инчунин бо дастури раисиҷумҳур муовинони раиси ВМКБ аз мақом барканор шуда,  Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовини аввал ва  Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон, муовинони раиси ВМКБ таъин гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии дар ВМКБ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намудааст, ки дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

"Ба вазифаҳои сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон аз ҳисоби муттахассисони варзида, кордону поквиҷдон ва содиқ ба давлату миллат ба вазифаҳо таъин карда шуданд", — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъин Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ, убури ғайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Президенти мамлакат ба кадрҳое ки дар сатҳи роҳбарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, суд ва корҳои дохилӣ таъин гардиданд,  барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти ҳукумати вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдошта, таъмини волоияти қонун ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон таъкид кардааст.

"Беҳбудии сатҳи зиндагии ҳар як сокини вилоят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва решакан кардани омилҳои монеи рушду пешрафти вилоят аз фаъолияти шаффоф, матонату ҷасорат ва поквиҷдонии ҳар яки Шумо вобастагӣ дорад", — таъкид намудааст Эмомлаӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин.

1893
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)