Масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети Суғд баррасӣ мешавад

© Sputnik / Фируз УмарзодаХуджанд, архивное фото
Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
26 сентябри соли 2018 иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, баррасӣ хощад шуд.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, дар иҷлосияи мазкур рафти иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, "Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020" низ баррасӣ мешавад.

“Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар бораи масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ ҳисобот пешниҳод мекунад”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамчунин вакилон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоят барои соли 2018, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ низ баррасӣ мешавад.  

Лентаи хабарҳо
0