Қарзҳои корхонаҳои Тоҷикистон баробар ба ду буҷаи кишвар расидааст

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТаджикский алюминиевый завод. Архивное фото
Таджикский алюминиевый завод. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба аввали моҳи июл соли равон қарзҳои умумӣ қариб 1,8 миллиард доллар зиёд шуда, дар маҷмӯъ 4,8 миллиард долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Қарзҳои умумии корхонаҳои миёна ва бузурги Тоҷикистон ба аввали нимсолаи дувуми соли равон нисбат ба буҷети имсола 2,2 баробар зиёд шудааст, иттилоъ  додааст хабаргузории “ТаджикТА”.

Таъкид шудааст, ки қарзи умумӣ наздик ба 1,8 миллиард доллар зиёд шуда, ба 4,8 миллиард доллар расидааст. Дар ҳамин ҳол бӯҷаи Тоҷикистон соли равон 2,2 миллиард долларо ташкил мекунад.предприятиязаводҷ

“Ба санаи 1 июли соли равон қарзи умумии корхонаҳо (бидуни корхонаҳои тиҷорати хурд)  45,727 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба 1 июли соли гузашта 16,855 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”, - иттилоъ додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, 30 дарсади корхонаҳои миёнаю бузурги Тоҷикистон зараровар мебошанд. Бештари корхонаҳои зараровар дар соҳаҳои коркарди саноат, сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гирифта шудааст.

Бузургтарин қарздори қарздор назди давлати Тоҷикистон, ширкати холдинги “Барқи тоҷик” мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Таоҷикистон дар аввали моҳи июли соли ҷоррӣ қарзи “Барқи тоҷик” бо назардошти созишномаҳои қарзиву сармоягузорӣ, 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар соли гузашта қарзи ин ширкат 23 дарсади ММД-и Тоҷикистонро ташкил медод.

Таъкид шудааст, ки ширкати “Барқи Тоҷик” ҳар сол зиёни ҷиддӣ медидааст.

Лентаи хабарҳо
0