Жители Узбекистана пересекают границу с Таджикистаном на КПП Патар, архивное фото

Хоҳиши сокинони Тоҷикистону Узбакистон барои убури марз бо шиносномаи дохилӣ

199
Ёдовар мешавем, ки ҳоло рафтуомади шаҳрвандони Тоқикистону Узбакистон бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сокинони навоҳии наздимарзии Тоқикистону Узбакситон аз мақомот хоҳиш намуданд, ки ба онҳо иҷозат бидиҳанд бо шиносномаи дохилӣ рафтуомад кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳоло шаҳрвандони ду кишвар дар сурати доштани шиносномаи хориҷӣ метавонанд марзро убур намоянд.

Қайд кардан лозим аст, ки то аз байн бурдани раводид дар ноҳияиҳои назди марзӣ сокинон метавонистанд бо шиносномаи дохилӣ марзро убур кунанд. Аммо сокинон бо шиносномаи дохилӣ ҳамагӣ 5 рӯз ва на дуртар аз 30 километр дар кишвари ҳамсоя бимонанад.

Сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Ҷумабой Суфиев тавзеҳ додааст, ки ба сабиби ворид намудани навовариҳо ӯ маҷбур аст шиносномаи нави хориҷӣ бигирад.

“Дар шиносномаи хориҷии ман барои гузоштани мӯҳр ҷой холӣ намондааст. Ба ҳамин хотир ман бояд шиносномаи хориҷии нав бигирам, ки арзишаш 800 сомонӣ (қариб 90 доллар) мебошад. Ҳоло бештари мардум чунин маблағро надоранд, ки шиноснома бигиранд ва хешу табори худро дар Узбакистон хабар гиранд”, мегуяд  Суфиев.

Ба гуфтаи вай, баъзе аз нафарон ба сабаби надоштани шиносномаи хориҷӣ то ҳол наметавонанд наздиконои худро дар кишвари ҳамсоя хабар гиранд.

“Мо аз мақомот хоҳиш менамоем, ки ба мо иҷозат диҳанд рафту омадро ба Тоҷикистону Узбакистон бо шиносномаи дохилӣ анҷом бидиҳем.  Ин орзӯи аксарияти сокинони навоҳии наздисарҳадӣ мебошад”, гуфт вай.

Ёдрас мешавем, ки барои убури марзи Узбакистон, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ (шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва ё умумишаҳрвандӣ) дошта бошанд. Аммо тибқи қоидаҳои пешина онҳо бояд дар давоми се рӯзи корӣ худро мақомоти маҳалии ВКД Узбакистон сабти ном кунанд.

Пас аз сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷмҳури Узбакистон ба Тоҷикистон рӯзи 9-уми марти соли равон 27 созишнома ба имзо расида буд. Зимни сафари мазкур Тоҷикистону Узбакистон созишномаеро, ба имзо расонданд, ки тибқи он шаҳрвандон метавонанд дар муҳлати 30 рӯз бидуни раводид, дар кишварҳзои ҳамдигар ҳузур дошта бошанд.

199
Барчаспҳо:
шиноснома, убури марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

195
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

195
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

127
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

127
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия