Наручники, архивное фото

Дар Ироқ 9 шаҳрванди Тоҷикистон барои пайвастан ба ДОИШ ба 20-соли зиндон маҳкум шуданд

316
Мақомоти Тоҷикистон шахсияти чор нафар занеро, ки ҳамроҳ бо шавҳаронашон ба Ироқ рафтанд ва ба гурӯҳи террористии ДОИШ пайвастанд муаян кардааст

ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Додгоҳи Ироқ 9 зане, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ ба 20-соли маҳкум кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба КДАМ Тоҷикистон.

“Додгоҳи Ироқ ҳамаи ин занҳоро барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ ва зиндагӣ бо ҷангҷӯёни ин гурӯҳ айбдор донист ”, - афзудааст манбаъ.

Тибқи иттилои КДАМ Тоҷикистон, аксаряти ин занҳо фарзандҳои ноболиғ доранд, ки ҳоло дар хонаи кӯдакони бепарастор нигаҳдорӣ мешаванд.

“Агар занҳо розигӣ диҳанд, ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани онҳо ба Ватан кӯмак хоҳад кард” – таъкид кардааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳзозир мақомоти Тоҷикистон аз 9 нафар занони зиндонӣ, шахсияти чор нафарро муаян намудааст. Ҳамаи ин занон ҳамроҳ бо шавҳаронашон солҳои 2015-2016 аз Тоҷикистон ба Ироқ рафтанд ва гурӯҳи террористии ДОИШ пайвастанд. Онҳо дар ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор доштанд.  

Дар Тоҷикистон нисбати ин 4 зан парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

316
Барчаспҳо:
ҷангҷӯ, Ироқ, ДОИШ, ДОИШ, Тоҷикистон, тоҷик, зан
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

131
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

131
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм
Каримхон Курбонов, бывший ректор Медуниверситета РТ

Даргузашти академик, собиқ ректори Донишгоҳи тиббӣ ва муовини директори “Истиқлол”

255
Академик Каримхон Курбонов, собиқ ректори Донишгоҳи тиббӣ ва муовини директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар синни 62 – солагӣ олами фониро падруд гуфт

 ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Каримхон Курбонов як ҳафтаи ахир дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона, ки дар шафати Маҷмааи тандурустии "Истиқлол” чойгир аст, бистарӣ буданд.

“Каримхон Муродович дар гузашта як маротиба ҷарроҳии дилро паси сар карда буданд. Маризие, ки сабаби бистарӣ шуданашон шуд, бронхопневмония ё илтиҳоби шуши дутарафа буд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Каримхон Қурбонов - олим, доктори илми тиб (1997), профессор (1999), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2003), академики Академияи илмҳои тибби назди вазорати тандурустии Тоҷикистон (2010) ва Академияи байнулмилалии улуми макотиби олӣ буда, 2 апрели соли 1958 таваллуд шудааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1982) – ро бо ихтисоси "кори табобатӣ" хатм карда, самти асосии фаъолияти илмиаш ҷарроҳии узвҳои системаи гепатогастробиллиарӣ ва рӯдаи ғафс буд.

Дотсент (1997-1999), профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999-2000), декани факултаи умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001-2003) буд.

Илтиҳоби шуш ё COVID -19? Ба оилаи 4 устоди фавтидаи донишгоҳи Бохтар 6000 сомонӣ дода шуд

Каримхон Қурбонов солҳои 2003 – 2005 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ҳамзамон мудирии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро бар уҳда дошт.

Солҳои ахир муовини директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар умури илм буд.

Бино ба иттилои наздикон, муаллифи беш аз 700 кори илмӣ, аз ҷумла 15 монография, 4 китоби дарсӣ, 20 тавсияи методӣ, 150 пешниҳоди навоварона буда, беш аз 60 патент дорад ва таҳти раҳбарии ӯ 47 номзад ва 7 доктор рисола ҳимоят кардаанд.

255