Виды Ашхабада - столицы Туркменистана, архивное фото

Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабари марги занро дар навбати раводид рад кард

96
Сафорати Тоҷикистон дар Туркамнистон бад шудани аҳволи як зани туркманро дар навбати раводид таид кард, аммо ҳодиса бидуни марги касе анҷом ёфтааст

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабари даргузаштӣ занро дар навбати раводид рад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷа дар истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон.  

Тибқи иттилои сафорат, рӯзи 17 август, зане ҳамроҳ бо писараш дар навбати гирифтани раводиди донишҷӯии писараш дар назди шӯъбаи консулгарии сафорати Тоҷикистон қарор дошт. Дар лаҳзаҳои навбатгирӣ аҳволи ин зан ногаҳон бад шуд ва барояш ёрии таъҷилиро даъват карданд.

Сафорат хабар додааст, ки ба ин зан кӯмаки саривақтии тиббӣ расонида шуд ва вазъи саломатиаш мӯътадил шуд.

“Зане ҳамроҳ бо писараш дар навбати гирифтани раводид буданд, аҳволи зан ногаҳон бад шуд ва барояш ёрии таъҷили даъват карданд. Табибон ба ин зан кӯмаки саривақтии тиббӣ расонида шуд ва вазъи саломатиаш мӯътадил шуд”, таъкид кардааст манбаъ.

Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон таъкид мекунад, ки сарфи назар аз шумори зиёди одамони муроҷиаткунанда барои гирифтани раводид ба Тоҷикистон ва мушкилоти техникии айни замон мавҷуда, ки ба расмиёти электронии таҳияи раводид марбут аст, шуъбаи консулгарӣ ҷиҳати додани он мутобиқи регламенти муқарраршуда ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Сафорат аз намояндагони ВАО даъват ба амал овардааст, ки аз нашри маълумоти носаҳеҳу носанҷида ва беэътимод худдорӣ кунанд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои маҳалӣ хабар дода буданд, ки ба сабаби обу ҳавои гарм дар навбати раводид дар назди сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон як зане ба ҳалокат расидааст. Гуё аз даҳону бинии зан хун рафта сипас ӯ беҳуш шудааст. Вай аз тарафи кормандони ёрии таъҷили ба бемористон интиқол дода шудааст.

96
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, сафорат, зан, марг, Туркманистон